Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти Тоҷикистон дар Қатар


Ин бозӣ рӯзи сешанбеи 14 феврал дар варзишгоҳи Ҷасим Бин Ҳамади бошгоҳи варзишии Ал-Садди пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа баргузор шуд. Голҳоро Сайид Ал-Башир ва Валид Ҷасим ба ҳадаф расонданд.

Бозӣ аз оғоз то анҷом бо бартарии комили мизбонон сурат гирифт. Онҳо пайваста дарвозаи меҳмононро зери ҳуҷум қарор медоданд. Дастаи Тоҷикистон бошад, аслан аз паи ҳимояи дарвозаи худ буд. Бозигарони тими Қатар, бахусус ҳамлагар Валид Ҷасим ва нимҳимоятгар Одил Ламӣ, имкон доштанд, ки дар қисми дувум ҳисоби бозиро афзун кунанд, вале аз лаҳзаҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд.

Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бозӣ барои ҳарду даста як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти қитъавӣ маҳсуб мешуд. Вай афзуд: «Тими миллии Қатар яке аз дастаҳои пурқуввати қорра буда, ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2007, ки 22 феврал шурӯъ мешавад, омодагӣ мегирад. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бошад, дар Ҷоми даъвати AFC - Конфедератсияи футболи Осиё дар гурӯҳи «D» бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 24 март то 9 апрел дар Бангладеш баргузор хоҳад шуд. »
XS
SM
MD
LG