Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Миллион калимаи англисӣ


"Озодӣ" Забоне, ки имрӯз тамоми ҷаҳон кӯшиши омӯзиш ва такаллум бо онро дорад, забоне, ки аллакай бо он беш аз 1,5 миллиард нафар ҳарф мезанад, интизори калимаи миллионуми худ аст.

Нашрияи канадагии Globe and Mail ҳамин гуна тахмини забоншиноси амрикоӣ, Пол Пэйекро дар шумораи тозаи худ нашр кардааст. Ҷаноби Пэйек, ки раҳбарии як маркази тадқиқотии маъруфе бо исми Global Language Monitor -ро бар дӯш дорад, гуфтааст, захираи луғавии забони англисӣ имрӯз ба таври хеле сареъ ғанӣ шуда истодааст ва айни ҳол, аз 986 ҳазору 120 калима иборат будааст. Забоншиносон ҳадс задаанд, ки калимаи миллионуми забони англисӣ дар моҳҳои окятбр - ноябр пайдо мешавад.

Ва аммо дар посух ба ин суол, ки ин калима чӣ гуна ва аз кадом соҳа хоҳад буд, ҳама китф бар ҳам мекашанд. Мегӯянд, шояд ин калима аз ба истилоҳ «чайнинглиш», «ҳиндинглиш» ва ё «спэйнинглиш» - омехтаҳои инглисӣ бо мутаносибан чиноиву ҳиндӣ ва испонӣ бурун ояд. Ва ё шояд англисие, ки ҳар ҳарфро ба осонӣ қабул ва дар чаҳорчӯбаи қавоиди худ ҳазм мекунад, калимаи миллионуми худро аз навгониҳои гуфтугузорҳои ҳаррӯзаи ҷавонон бигирад ва ё аз лаҳаҷоти интернетӣ.

Global Language Monitor, ки дар Калифорния мақарр дорад, «намоянда»-ҳои худро қариб дар ҳар як гӯшаи дунё, ки онҷо забони Шекспиру Нютон садо медиҳад, дорад. Онҳо мутаваҷҷеҳи ҳар истилоҳу калимаи нав ҳастанд ва ҳар навидро ба дафтари марказияшон мефиристанд. Аз калимаҳои навтарини забони англисӣ мисолҳое оварда шудааст, ба монанди «снэпарацци», ки афроде будаанд, ки аз дастгоҳи аккосии телефонии мобилияшон барои гирифтани сурати ашхоси маъруф истифода мебаранд. Чиниҳо анқариб калимаи «дринкти»-ро мавриди истифода қарор додаанд, ки маънояш танаффус барои чойнӯшӣ дар дӯкончаи хурдакаки тиҷорӣ будааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG