Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳабси 3 нафар дар робита ба навори видеоии латукӯби ироқиҳо


Вазорати дифоъи Бритониё мегӯяд, боз ду нафари дигарро дар робита ба навори видеоии латукӯби шаҳрвандони осоиштаи ироқӣ ба ҳабс гирифт. Ҷамъан то ҳоло 3 нафар боздошт шудаанд. Навори видеоӣ, ки рӯзи якшанбеи 12-уми феврал нашр шуд, ба муносибати байни аҳолии маҳаллии Басра ва нирӯҳои Бритониё дар ҷануби Ироқ таъсири манфӣ гузоштааст. Садҳо нафар дар назди ситоди нирӯҳо дар Басра намоиши эътирозӣ барпо карданд ва хуруҷи ин қувваҳоро талаб намуданд. Шаҳрдории Басра инчунин хуруҷи нирӯҳои Данияро зимни нашри тасвирҳои танзомези паёмбари ислом тақозо кардааст. Вазири дифоъи Дания Соерен Гаде ин талабро рад кард.
XS
SM
MD
LG