Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нанг, ор ва номус


Коргардони барнома -- Салими Аюбзод Дар шумораи ахири маҷаллаи "Баррасии Осиёи Марказӣ", чопи Лондон, ангезаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор гирифта, пажӯҳишгари Донишгоҳи Австралиё Кирил Нурҷонов дар қатори муборизаи қудрат, мудохилаи беруна ва заъфи давлат, нангу номусро як таҳрикдиҳандаи дигари ҷанги Тоҷикистон меномад. Вай вожаи тоҷикии "нанг"-ро дар матни инглисӣ овардаву дар ҳошия шарҳ додааст.

НАНГУ НОМУС -- МУСБАТУ МАНФӢ?

Президенти собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Вудро Вилсон, яке аз президентҳои муваффақ ва таърихӣ, боре гуфтааст: "Номуси миллат аз рифоҳи он ҳам азизтар аст, ҳатто аз худи ҳастии миллат низ". Алфред Винйи, нависандаи қарни нуздаҳи Фаронса менависад: "Номус ин виждон аст, аммо виждони бисёр ҳассос. Ин эҳтиром ба арзиши зиндагии хештан аст, ки ба баландтарин нуктаи покизагӣ ва бузургтарин ҳадиси ишқ табдил ёфтааст." Аммо на ҳама дар бораи нанг мусбат ҳарф задаанд. Дар хотираҳои нависандаи бузург, андешманд ва муаррихи фаронсавии садаи 18 Волтер мехонем: "Номус як мафҳуми булаҷаби пуч аст, ки ҳамчун накӯӣ шарҳ дода мешавад, ин накӯӣ нест, балки шӯҳратталабист, на адолатхоҳӣ, тарс аз маломат аст на аз нуқс. Накӯиро бояд бе ягон ҷустуҷӯи дурахшиши он дӯст дошт ва нанг дар дил аст". Пас бо дарназардошти он ки гӯё нангуномусдории тоҷикон сабаби ҷанги хунин шудааст, оё метавон ҳамчунин аз ҷанбаъҳои эҳтимолан манфии ин хислати инсонӣ сӯҳбат кард? Бо ҳамин машварату андешаҳо, ҳамнафаси мо Раҳматкарими Давлат ба суроғи андешмандони тоҷик рафт ва маълум гашт, ки ҳеҷ яке аз онҳо нангро дорои ин ё он ҷиҳати манфӣ намедонад. Нанг барои тоҷикон аз гузаштаи дур падидаи мусбат будааст, аммо на ҳамеша ва на ҳар кас тавонистааст, онро ҳифз кунад. Яке аз мусоҳибон мегӯяд, тоҷикон имрӯз нанг надоранд. Воқеан таърихи муосири нанги тоҷикон бисёр хираву тира мебуд, агар дар ин миён як Марди бананг бо номи Аҳмадшоҳи Масъуд ба саҳна намеомад. Ёди Аҳмадшоҳи Масъуд ва намунаи зиндагии ӯ дарвоқеъ намегузорад, аз нангу номус ҷанбаъҳои манфӣ ҷустуҷӯ кунем. Ва ончи шунидем, як ҳикмати файласуфи машҳур Артур Шопенҳауер ба ёд меорад, ки гуфтааст, шӯҳратро метавон ба даст овард, аммо нанг чизест, ки онро дорӣ ва фақат бояд коре кунӣ, ки аз даст надиҳӣ.

АЗ ЗОВИЯИ РАҲГУЗАРОН

Вожаи "номус" ба забони мо аз юнонӣ ворид шудаст. Ва "ор", ки низ аз пайвандони нанг ва номус аст, "нангу ор" мегӯем, аз арабӣ ба забони мо нишастааст. Ва дар ҳоле ки миёни мардум "номус" корбасти бештар дорад, "нанг" калимаи ноби забони модарии мост. Пас, оё раҳгузарони кӯчаҳои шаҳри Душанбе, ба саволи он ки нанг чист, ба ҳамнафаси мо Абдураҳими Умарзод чи посухҳо доданд? Аз сӯҳбати онҳо баҳрае бардоштем, вале ба назар ва ё ба гӯш мерасад, ки дар идроки мафҳум бархӯрди мардум як андоза хусусист. Навиштаи маҷаллаи "Баррасии Осиёи Марказӣ" эҳтимол дар омӯзиши низоъи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон як ҷанбаъи дигарро ворид кунад, аммо гумон аст, он қавӣ бошад.
Агар нангу номусдории тоҷикон яке аз сабаби ҷанг шуда бошад ва агар тавониста бошад, чунин нирӯҳои азимеро ба ҷунбиш оварад, чаро он имрӯз сабаби бозсохт ва рушди кишвар намешавад? Охир барои ҳар узви ҷомеа нанг аст, ки садҳо ҳазор нафар аз ҷавонони меҳнатдӯсту меҳнаткаши он мулки дигаронро обод кунанд. Он ҳам зери бори таҳқиру маломат. Ва ё дӯшизаҳои тоҷик дар мулки араб танфурӯшӣ кунанд, ё мансабдорон рифоҳи худу фарзандони худро бар пояи ришват бисозанд ва ғайра ва ҳоказо. Хуб, мақсади мо таҳлили сабабҳои ҷанг ҳам нест ва баррасии вазъи имрӯза низ. Ин вазифаи сиёсатмадорон ва давлатмардон аст, ки бо онҳо ҳамнафаси дигари мо, Нилуфари Собир, ҳамсӯҳбат шуд. Бо ин сӯҳбатҳо фурсати барномаи Ҳамнафас ба поён расид, афсӯс на ҳамаи ҷанбаъҳои мавзӯъ боз шуд. Аммо шояд ин дуруст ҳам ҳаст. Мо фақат нуги гапро боз мекунем, андешидану хулоса баровардан бо шумост ва қазовати кори мо низ. Ҳар фикру андешае, ҳар гуфтание ки ба зеҳни шумо омад, ба мо нависед ва онҳоро аз ҳамнафасон дареғ надоред. То боздид!
XS
SM
MD
LG