Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия


Cалими Аюбзод бештар ба кӣ бастагӣ дорад? Ба мақомоти Тоҷикистону Русия? Ба корфармо ё ба худи онҳо?

Ба фикри ман, ҳамон тавр ки бародари гиромӣ Ашӯр Назарзода гуфтааст, вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия пеш аз ҳама ба худи онҳо бастагӣ дорад, ман ба ин назар мувофиқ ҳастам, аммо боз ҳам мехоҳам ки назари худро баён кунам. То ҷое ки ман медонам, тақрибан 90 дарсади онҳое ик ба Русия мераванд бесаводанд ва ба фикри ман ин масъалаест, ки вазъи муҳоҷирон душвор кардааст. Вақте саводу дониш нест, наметавонӣ ҳаққу ҳуқуқи худро фаҳмӣ ва бо кордиҳанда дар сатҳи баробар муомила кунӣ. Вай ба нирӯи ту ниёз дорад ва ту ба маош. Аммо воқеъият ин тавр нест ва аз камсаводию бетаваҷҷӯҳии муҳоҷирон ҳуқуқи онҳо поймол мешавад.
Дигар ин ки ба ҷуръат метавон гуфт, аҳолии Русия дар ҳоли кам шудан аст ва нирӯи кор надорад, яъне ба нирӯи муҳоҷирон муҳтоҷ аст. Яъне ба назарам, саводи хуб ва рӯҳияи баланду ҷиддӣ бояд дошт.
Ва мушкилоти кӯчаки зиёде ҳам ҳаст, ки ман аз онҳо сарфи назар мекунам.
Ман аз радиои Озодӣ ва кормандони ин шабака хоҳиш мекунам, ки ин назари маро ба ҳамватанони азиз расонда. Ва агар дидем, ки ин назарҳои мо ҳатто 1 дарсад баҳамватанон фоида дошта бошанд, кӯшиш мекунем, ки бештар назари худро баён кунам ва то метавонем ба ҳамватанони азиз ва Ватани азиз -- Тоҷикистон кӯмак мекунем.
Толиб Мирзоев
------------------------------------------
Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба муносиботи сиёсии Тоҷикистону Русия вобастагӣ дорад. Агар Тоҷикистон дар қиболи Русия муносибати итоатгарона ихтиёр намояд, вазъи муҳоҷирони тоҷик дар хоки ин кишвар каме беҳбуд меёбад.Ва агар Тоҷикистон баръакси ин рафтор кунад он гоҳ Русия аз ягона картааш, яъне муҳоҷирони кории тоҷик истифода мекунад ва ба ҳамин хотир низ Тоҷикистон ба Русия дар бисёри мавридҳо гузашт менамояд
Мумин
---------------------------------------
Бародарони азиз,
Ташаккур ки ин масъалаҳоро мебардоред. Мо, муҳоҷирон бекас ва бесоҳибем. Ҳар бори ба ватан рафтану омадан, гумрукчиёни на танҳо бегона, балки тоҷики худмон моро ғорат мекунанду мақомоти Тоҷикистон ба ин чиз чашм мепушад, магар дур аз Тоҷикистон ба ғами мо мешавад? Албатта не. Мо дар муқобили милиса ва мансабдорони Русия монанди як пашша ҳастем ва на обрӯи инсонии мо ва на ҷону иззати мо барои онҳо арзише надоранд. Фақат ҳамон вақт аз ин ҳолат мебароем, ки ҳукумати мо нишон диҳад, ки дар ҳама ҳолат аз мо ҳимоят мекунад ва намегузорад, мо зери по шавем. Як худи ҳамин чиз тамоми мушкилиҳои моро аз байн мебарад ва он вақт метавонем, аз ӯҳдаи худмон бароем.
Бо салом
Муҳоҷир
-----------------------------------------
Ба фикри банда, вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия пеш аз ҳама ба худи онҳо бастагӣ дорад, зеро онҳо дар шаҳру деҳоти Русия аз рӯи маҳал ба гурӯҳҳо ҷудо шудаанд ва ба ҳамдигар мадад намекунанд. То ҳол муҳоҷирони тоҷик дар Русия як созмони ягона ва нирӯманде надоранд, ки ҳам бо ҳукумати Русия ва ҳам бо ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи баробар гап зада тавонанд. Ҳол он ки аз меҳнати сиёҳи онҳо Русия обод мешавад ва даромаде ки онҳо ба Тоҷикистон меоранд, пояи асосии ҳастии мардум дар Тоҷикистон аст. То замоне ки онҳо худ аз ҳуқуқи худ ҳимоят каданро ёд нагиранд, гумон аст ки касе ба доди онҳо бирасад.
Ашӯр Назарзода, аз Лаҳистон
XS
SM
MD
LG