Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамкориҳои Амрико бо муассисаҳои хусусӣ


Дар баёнияи сафорати Амрико омадааст, бисёр аз ширкату муассисоти ғайридавлатии ин кишвар, ки тавассути лоиҳаи рушди соҳибкории ЮСАИД ё Ожонси амрикоии рушди байналмилалӣ кӯмакҳо дарёфт намудаанд, ба ширкату корхонаҳои муваффақ табдил ёфтаанд ва имрӯз бо эҷоди ҷойҳои нави корӣ дар рушди иқтисод ва таъмини пешрафту тавсиаи бахши хусусӣ дар Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд. Аз ҷумла, ширкати интернетӣ ва мухобиротии "Вавилон", ки ҳамакунун пешгоми бозори ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти пешрафтаи интернетӣ дар Тоҷикистон аст, бо кӯмакҳои моливу фаннии ЮСАИД фаъолияти худро дар бозори роёнаии Тоҷикистон шурӯъ намудааст. Бахтиёр Мӯъминов, раҳбари фаннии ин ширкат низ ба ин нукта таъкид менамояд, ки маҳз ҳамкорӣ ва мусоидати Ожонси амрикоии рушди байналмилалӣ боис шуда, ки ин ширкат дар заминаи ироаи анвои васеи хадамоти интернетӣ дар саросари Тоҷикистон ба пешрафтҳои қобили мулоҳиза даст ёбад. Кӯмакҳои Ожонси амрикоии рушди байналмилалӣ бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистонро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, баёнияи сафорати Амрико афзудааст, бо мусоидати ин барнома Маркази саросарии тиббии «Шифо» имрӯз доираи хидматрасонии худро ба муштариён густариш бахшад. Ин марказ моҳи июни соли 2004 бо кӯмаки Ожонси амрикоии рушди байналмилалӣ ифтитоҳ ёфтааст. Қабл аз ин марказ бо мушкилоти фаровон рӯ ба рӯ буд, омадааст дар баёнияи сафорати Амрико, аммо ҳамкорӣ бо ЮСАИД кори онро комилан дигаргун сохт ва муассирияти бештар бахшид. Дар ҳоли ҳозир масъулини ин марказ дар талоши онанд, ки дар ҳамкорӣ бо Ожонси амрикоии рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон стандартҳои нави хизматрасонии тиббиро ба роҳ монанд. Ҳамчунин дар чаҳорчӯби лоиҳаи тавсиаи соҳибкории ЮСАИД дар Тоҷикистон тиҷорати саросарӣ тавассути Интернет густариш хоҳад ёфт. То имрӯз, бино ба иттилои баёнияи сафорати Амрико, дар Тоҷикистон бо кӯмаки коршиносони барномаи мазкур ширкату муассисоти гуногуни Тоҷикистон тавонистаанд 200 амали доду ситади тиҷориро бо маблағи беш аз 6 миллион доллар анҷом биҳанд. Баёнияи сафорати Амрико дар Тоҷикистон таъкид намудааст, ки Амрико талошҳои Тоҷикистонро дар роҳи рушди бахшҳои хусусӣ ва ташкили тиҷорати озод ва хурд пуштибонӣ менамояд ва дар оянда низ ҳамкорӣ ва мусоидати худро бо ширкату корхонаҳои Тоҷикистон дар ин самт идома медиҳад. Дар поёни баёнияи сафорати Амрико дар Тоҷикистон омадааст, ҳадафи Амрико ин аст, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба як кишвари муваффақ ва қобили рақобат дар бозори ҷаҳонӣ табдил ёбад.
XS
SM
MD
LG