Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти қочоқбарони ҳероин дар Суғд


Акбар Адҳамов, сардори ситоди оҷонсии мазкур дар ин бора гуфт:
«Зиёда аз 11 килограмм маводи сахтаъсири ҳероин аз бордони як мошини «Опел Астра», ки дар дохилаш ду тан ҳузур доштанд, кашф ва мусодира карда шуд. Ронанда ва мусофири мошини сабукрав, ки яке зодаи шаҳри Кӯлоб ва дигарӣ - зодаи Панҷакент мебошанд, боздошт шуданд. Нисбати ин ду нафар бо айби қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад».
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз идораи милисаи нақлиёти Суғд бидуни зикри номи худ дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимол дорад ду қочоқчии боздоштшуда мехостанд ҳероинро бо роҳи ҳавоӣ ва ё роҳи оҳан ба Русия интиқол диҳанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, тайи соли равон ин барои бори аввал нест, ки дар наздикии роҳи оҳан ва фурудгоҳи Хуҷанд қочоқчиёни ҳероин боздошт мегарданд. Чанде қабл як қочоқчӣ бо ҳудудан 3 килограмм ҳероин дар ҳудуди майдони ҳавоӣ дастгир шуда буд.
Оҷонсии назорат ба гардиши маводи мухаддир дар Суғд мегӯяд, дар давоми яку ним моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят аз дасти қочоқгарон беш аз 18 килограмм маводи мухаддир, ки қисми бештари он ҳероин мебошад, мусодира шудааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG