Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон фаъолиятҳои ҳастаиро аз сар гирифт


Мақомоти Эрон рӯзи сешанбе, 14-уми феврал таъйид карданд, ки ғанисозии ураниумро дубора аз сар гирифтаанд. Ҷавод Ваидӣ, раҳбари гурӯҳи музокироти ҳастаии Эрон гуфт, амалиёти ғанисозии ураниум дар қисмати зеризаминии коргоҳи Натанз ҷараён дорад. Оқои Ваидӣ инчунин гуфт, ки гуфтугӯи миёни Теҳрону Маскав барои баррасии пешниҳоди Русия оид ба ғанисозии ураниум дар қаламрави ин кишвар дар таърихи 20-уми феврал дар Маскав идома пайдо хоҳад кард. Русия мегӯяд, пешниҳоди мазкур бо он ҳадаф карда шудааст, ки эҳтимоли аз ҷониби Эрон тавлид шудани аслиҳайи ҳастайӣ рафъ гардад. Эрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаиаш бо ҳадафҳои сулҳомез пиёда мешавад ва танҳо ба шарте пешниҳоди Русияро мепазирад, ки ин фаъолиятҳо ба иловаи ғанисозии ураниум дар дохили Эрон идома пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG