Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ


Имрӯз Хуршед дар маркази кӯдакони хиёбонии ба номи Карин Манн ба сар мебарад. Ин марказ ҳудуди 200 чунин кӯдаки бесарпаноҳро бо ҷои хоб, таҳсилу ғизо ва ҳамчунин либос таъмин кардааст. Он ҳамчун созмони ғайриҳукуматӣ фаъолияти худро ҳанӯз дар соли 1997 оғоз намуда буд. Имрӯз шумори созмонҳои ҷамъиятие, ки фаъолияташон бевосита ба масоили наврасону ҷавонон равона шудааст, то ба 150 мерасад. Бино ба иттиллои вазорати адлияи Тоҷикистон то кунун дар кишавар наздик ба 3.000 созмони ҷамъиятӣ дар самтҳои мухталиф, мисли масоили марбут ба ҷавонону наврасон, ҳуқуқи инсон, варзиш, ҳифзи муҳити зист фаъолият мебарад. Фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматиро қонуни ҷумҳурӣ дар бораи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба танзим медарорад. Абдулазиз Одинаев, мудири бахши робита бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва сиёсии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, дар ҳоле, ки Тоҷикистон мехоҳад худро ҳамчун кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд муаррифӣ созад, мавҷудияти иттиҳодияҳои маҳаллӣ ё ҷамъиятӣ дар кишвар ногузир аст, чун ин созмонҳо дар ҳалли масоили иҷтимоӣ нақши муассир доранд:

«Аз рӯи баъзе таҳлилҳо хусусан дар шаҳри Душанбе беш аз 50 ташкилоти ғайриҳукуматӣ дар самтҳои донишҳои ҳуқуқии занон, баланд бардоштани савияи дониши занон, беҳтар гардондани муҳити зист, баланд бардоштани ҳуқуқи ҷавонон ва маърифати тиббию сиёсии ҷавонон фаъолияташонро хуб ба роҳ мондаанд.»

Абдулазиз Одинаев мегӯяд, кору фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ бештар ба дастгирии молиявии созмонҳои байналмилалӣ бастагӣ дорад. Дар ҳамин ҳол, Сайрамбӣ Лангариева, сардори идораи робита бо иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва муносибатҳои байналмиллалии кумитаи кор бо ҷавонон мегӯяд, ҳукумати кишвар низ созмонҳои чамъиятиро маблағгузорӣ мекунад. Шурӯъ аз соли 2005 ҳукумати Тоҷикистон барои созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба маблағи 5.000 сомонӣ 5 грант тақдим кардааст.

«Баъд аз вохӯрии президент бо ҷавонон, сарвари кишвар ҳаҷми грантҳоро зиёдтар кард, ки аз январи ҳамин сол 5 грант дар ҳаҷми 10.000 сомонӣ барои ташкилоти ғайриҳукуматии ҷавонону наврасон муайян шудааст.»

Анвар Раҳмонбердиев, сарвари созмони ҷамъиятии «Факт активоностӣ» мегӯяд, огоҳии ками ҷавонону наврасон аз бемориҳои мухталифи сироятӣ, мисли ВИЧ-СПИД ва густариши ин амроз дар миёни ҷавонон ӯро водор сохтааст, ки созмони ҷавонони худро таъсис бидиҳад ва дар роҳи ҳалли ин мушкилот то ҳадде саҳмгузор бошад.

«Пеш аз он ки мо ин созмонро ташкил бидиҳем мо як гурӯҳ ҷавонон нахуст дар созмонҳои мухталиф ба ҳайси ихтиёрӣ фаъолият мекардем. Дар муддати як соли фаъолияти созмони ҷамъиятии мо дар Душанбе ва ноҳияи Рашт семинарҳо доир намудем, ки шумори ширкатдорони семинарҳои мо то ба 1.000 мерасид. Яъне феълан кори мо дар авҷ аст.»

Дар ҳамин ҳол, Рухшона Соҳибназарова танзимгари барномаи ҷавонони созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мегӯяд:

«Ҳарчанд созмонҳои ҷамъиятӣ имрӯз бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ дошта бошанд ҳам, аммо механизм ва ё сохтори муайяни фаъолияти якҷояи онҳо мавҷуд нест. Ман фикр мекунам, вақти он расидааст, ки ягон гурӯҳи махсус аз ҳарду ҷониб ташкил шавад ва онҳо дар ҳамроҳ ин ва ё он мушкилро ҳал намоянд. Аз сӯи дигар, ба фикри ман барномаҳои аксари созмонҳои ҷамъиятӣ такрори ҳаманд. Ва ҳарчанд барои пиёда сохтани ин барномаҳо маблағҳои зиёд масраф шавад ҳам аммо манфиаташон назаррас нест.»

Ва дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, созмонҳои ҷамъиятӣ барои бартараф кардани мушкилоти зиёде, ки аз назари ҳукумат ва ё созмонҳои байналмилалӣ дур мондаанд, саҳм мегузоранд. Ба андешаи Абдулазиз Одинаев аз шаҳрдории Душанбе, барои беҳтар кардани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ҳукумат низ бояд ҳаддалимкон ба онҳо кӯмаки молиявӣ расонад.
XS
SM
MD
LG