Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳифзи муҳити зист сармоя мехоҳад


Барои ҳалли масоили эколожӣ дар Тоҷикистон то соли 2015 ҳудуди 300 миллион доллари амрикоӣ зарур аст. Ҷалил Бузруков, мушовири раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон зимни як мизи гирд дар шаҳри Душанбе бо эъломи ин ҳарф гуфт, ки дар ҳоли ҳозир, мутахассисони соҳа як Барномаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи пурсамар аз захираҳои табиии кишварро таҳия мекунанд. Ба гуфтаи оқои Бузруков, мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар доираи «Барномаи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» муваззаф шудаанд, ки дар ҳалли як идда мушкилоти эколожӣ саҳим бошанд. Вай афзуд, бояд пеш аз ҳама се мушкили аслии эколожӣ дар Тоҷикистон рафъ карда шавад.

Ҷалил Бузруков:
«Тоҷикистон мушкили зиёди эколожӣ дорад ва дар ҳалли онҳо набояд таъхир кард. Қабл аз ҳама бояд масъалаҳои ҳифзи захираҳои табиӣ, тозагии обу дарёҳо ва минҷумла, таъмини аҳолӣ бо оби софи нӯшиданӣ ва танзими партовҳо мавриди баррасӣ қарор гиранд. Дар Тоҷикистон масъалаи партовҳо ва таъсири он ба муҳити зист бас нигаронкунанда аст, зеро дар мо чораҳои санитарию бехатарӣ ҷиддан андешида намешаванд. Ҳамзамон, дар мавриди коркарди дубораи ин партовҳо, ки аз он ҳатто ба буҷаи давлат даромади иловагӣ ворид кардан мумкин аст, бояд тадбирҳои мушаххас гирифта шаванд. Мушкили дигар таъмини фазои беғубори шаҳр аст. Худ мушоҳада кунед, ки то чӣ андоза васоити нақлиёт ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад.»

Дар ҳамин ҳол, Мизроб Амирбеков, масъули дафтари Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба иҷрои ҳадафҳои «Барномаи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» дар бахши эколожӣ, Бунёди Оғохон омода аст бо мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад: «Мо як барнома таҳия кардаем, ном дорад, Барномаи ҷонибдории инкишофи манотиқи кӯҳии Тоҷикистон, яъне ҳифзи табиат. Якум зинаи ин барнома истифода аз ҷамъият мебошад, ки дар бобати тараққиёт ва инкишофи сарватҳои табиат кор мебарад. Ин иборат аст аз рушди ҷангалпарварӣ, боғдорӣ, соҳаи моҳипарварӣ, дар бобати истифодаа обҳои табиӣ, бунёди ниругоҳҳои хурди барқӣ ва дигар барномаҳое, ки имрӯз дар манотиқи кӯҳии тоҷикистон мешавад амалӣ кард.»

Дар «Барномаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи пурсамар аз захираҳои табиии Тоҷикистон», ки ҳамакнун таҳия мешавад, номгӯи чораҳои мушаххас оид ба рафъи мушкилоти эколожӣ оварда шудааст, ки барои иҷрои ин чораҳо ҷалби сармояи хориҷӣ зарур аст. Ба гуфтаи мушовири раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Ҷалил Бузруков, бидуни ҷалби маблағгузории хориҷӣ ҳалли ин мушкилот берун аз имкон аст.
XS
SM
MD
LG