Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони Дания узрхоҳиро барои чопи корикотурҳо беҷо мешуморанд


Сарвазири Дания Андерс Расмуссен иқрор кард, ки таҳрими кишварҳои мусулмон бо эътироз аз нашри тасирҳои танзомези паёмбари ислом ба иқтисодиёти кишвараш зарба ворид кардааст, вале гуфт, мушкил бояд бо муколама ҳалли худро ёбад.Вазири корҳои хориҷии Дания даъватҳоеро рад кард, ки ҳукуматаш бояд барои чопи корикотурҳои паёмбар Муҳаммад узрхоҳӣ кунад. Пер Стиг Мулер гуфт, чунин маъзарат беҳуда хоҳад буд ва ҳукумати ӯ наметавонад, барои коре ки накардааст, маъзарат пурсад. Вай ҳамчунин гуфт, ягон кори ғайриқонуние рӯй надодааст, зеро гуноҳи ягон касро додгоҳ исбот накардааст. Намоишҳои эътирозӣ ба нашри ин тасвирҳо дар рӯзномаи даниягӣ, ки барои бисёре аз мусулмонон амиқан таҳқиромез будаанд, идома доранд. Ҳазорон нафар аз донишомӯзони мадрасаи Ал Азҳар дар Қоҳира ва садҳо толибилми фаластинӣ дар Каронаи бохтарии рӯди урдун дар намоишҳои эътирозӣ парчами милли Данияро оташ заданд. Масъули сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо Ҳавиер Солана дирӯз дар дидор бо сарвари Созмони конфаронси исломӣ Икмолиддин Эҳсоноглу гуфт, Аврупо ба ислом арҷ ваэҳтиром мегузорад.
XS
SM
MD
LG