Пайвандҳои дастрасӣ

Муроҷиати ҲДТ ба Русия дар масъалаи муҳоҷирон


Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) аз Русия дархост кард, ба Аҳдномаи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва хонаводаи онҳо шомил гардад ва талаботи ин санад дар қаламрави Русия иҷро шавад. Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократ зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, аксаран ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия поймол мешавад ва онҳо мавриди шиканҷа қарор мегиранд. Вай афзуд, чораҳои ҳукумати Тоҷикистон дар беҳбуди вазъи ҳуқуқии муҳоҷирон, босамар нестанд. Ба гуфтаи Валиев, ҳар сол дар Русия то 200 муҳоҷир бенишон мешаванд ва танҳо дар 11 моҳи соли гузашта 246 ҷасади муҳоҷирони кори Тоҷикистон аз Русия оварда шудааст.
Аммо Юрий Новиков, роҳбари намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ягон мушкил надоранд, ба ҷуз аз ноогоҳии ҳуқуқии худи онҳо. Ба гуфтаи вай, ҳуқуқи муҳоҷирони қонунии тоҷик дар Русия тибқи созишномаи байнидавлатӣ ҳифз мешавад ва тоҷикон баробар бо шаҳрвандони Русия аз тамоми ҳуқуқи иҷтимоӣ бархурдоранд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG