Пайвандҳои дастрасӣ

Боз шудани саҳифаи интернетии вижаи Кӯлоб


СМ

Дар Тоҷикистон саҳифаи навбатии давлатии интернетӣ бахшида ба ҷашни 2700 солагии Кӯлоб ба кор шурӯъ кард. www.kulob.tj баъд аз сайти Президенти кишвар ва сайти Душанбе-пойтахти Тоҷикистон саҳифаи саввуми давлатии интернетӣ дар кишвар гардид. Дар ин сафҳа роҷеъ ба тамаддуни ориёӣ, фарҳанги давлатдории тоҷикони аҳди қадим ва таърихи шаҳри Кӯлоб метавон иттилоъ гирифт. Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб мегӯяд, «Дар ин саҳифа ҳамзамон маълумоти комил дар бораи шаҳр, сохтори давлатӣ, корхонаҳои саноъӣ, кишоварзӣ ва афроди саршиноси фарҳанги минтақа мавҷуд аст ва саҳифаи ҷадиди интернетӣ ҳамзамон муаррифии дастовардҳои ахирии шаҳри Кӯлоб низ мебошад».
Ин дар мавридест, ки бар тибқи иттилоъи оқои Фаррухшоҳ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб дастрасӣ ба Интернет маҳдуд аст. Бидуни чанд дафтари созмонҳои хориҷӣ мустақар дар Кӯлоб, Донишгоҳи давлатӣ ва як мадраса дигар корхонаву муассисоти таълимӣ ба Интернет пайваст нашудаанд. Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ гуфт, ҳукумати маҳаллӣ тасмим гирифт, то баргузори ҷашнвораи 2.700 солагии Кӯлоб, яъне то оғози соли таҳсили 2006 ва 2007 тамоми макотиби таҳсилоти ҳамагониро дар шаҳр бо шабакаи ҷаҳонии Интернет васл кунад.
Сайёфи Мизроб, Кӯлоб
XS
SM
MD
LG