Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дубора фаъол шудани мактаби муҳоҷирини афғон дар Душанбе


Пас аз як мулоқоти масъулони сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ва намояндагии дафтари муҳоҷирати СММ мактаби таҳсилоти ҳамагонии фарзандони муҳоҷирини афғон дар Душанбе дубора фаъол шуд. Ҳаётуллоҳи Кӯҳсор, атташеи умури муҳоҷирини сафорати Афғонистон дар Душанбе бо таъйиди ин хабар гуфт, мактаби таҳсилоти ҳамагонии ба номи Сомонӣ, ки дар он ҳудуди 500 тифли муҳоҷирини афғон шурӯъ аз синфи аввал таҳсил мекунанд, бо иллати мушкилоти молӣ як ҳафта қабл дарҳои худ барои муҳассилини афғонро баста буд. Оғои Кӯҳсор гуфт, Франк Франсиско, раиси дафтари муҳоҷирати СММ дар Душанбе зимни ин мулоқот гуфтааст, пас аз се моҳи дигар ин созмон ҳар гуна кӯмаки худро ҷиҳати таҳсили фарзандони муҳоҷирин афғон дар мактаби Сомонии Душанбе қатъ хоҳад кард. Ва дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди Ҳаётуллоҳи Кӯҳсор сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон тасмим дорад, пас аз се моҳ бо ироаи кӯмакҳои ҳукумати Афғонистон ва афроди алоҳида мактаби фарзандони муҳоҷирин дар Душанберо пуштибонӣ кунад ва ин мактаб фаъол монад. Ва ҳамзамон бо ин оғои Кӯҳсор гуфт, дафтари муҳоҷирати СММ тасмим дорад, ҳамчунин, ҷиҳати ба Амрикову Канада интиқол додани бархе аз муҳоҷирини афғон, ки феълан, дар Тоҷикистон иқомат доранд, кӯмак кунад. Вале дар ҳоли ҳозир, мегӯяд ӯ, ин дафтар кӯмакҳои худро ба муҳоҷирин афғони муқими Душанбе идома медиҳад. Оқои Кӯҳсор мегӯяд, сафорати Афғонистон тасмим дорад, масъалаи ба даст овардани раводиди дарозмуддат, то муддати панҷ сол ба бархе аз муҳоҷирини афғонро бо ҳукумати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор диҳад, вале феълан, дар ин маврид ба тавофуқ нарасидаанд. Бар асоси иттилои атташеи умури муҳоҷирини сафорати Афғонистон дар Душанбе, феълан, дар Тоҷикистон ҳудуди 2.000 муҳоҷири афғон ба сар мебаранд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG