Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили гирифтани шиноснома


Исмоил Иброҳимов, як сокини ноҳияи Рашт мегӯяд, 2 моҳ қабл ҳуҷҷатҳояш ва беш аз 300 сомонӣ, баробар ба 100 $ ба шӯъбаи шиносномадиҳии ин ноҳия супурдааст, аммо ҳанӯз ҳам шиносномаи хориҷӣ нагирифтааст, зеро корманди шӯъбаи шиносномадиҳии ноҳияи Рашт рӯзи таваллуди ҷаноби Иброҳимовро иштибоҳ навиштааст. Ин мард мегӯяд, ба болои иштибоҳашон кормандони шӯъбаи мазбур боз аз ӯ 95 сомонӣ гирифтаанд. Ӯ мегӯяд, дар Русия ҷойи зист ва кор барояш дуруст шуда буд ва қарор буд, дар охири моҳи январ бо як ҳайати сохтмончиҳо ба Русия мерафт, аммо бино ба таъхири кораш дар робита ба гирифтани шиноснома аз сафар бозмондааст:

«Хостам паспорти хориҷӣ гирам, рӯзи таваллудамро дар як ҷо 26, дар ҷойи дигар 28 навиштанд, барои ин боз аз ман 95 сомонӣ гирифтанд."

Исмоил Иброҳимов ҳамчунин афзуд, пас аз 2 моҳи интизорӣ кормандони шӯъбаи шиносномадиҳии ноҳияи Рашт ниҳоят барои гирифтани гузарномаи деринтизор аз ӯ боз 25 сомонӣ талаб кардаанд.

«Ҳоло паспортро нагирифтаам, таъин кардаанд, ки 25 сомонии дигар диҳам, ҳамин саҳар 20 сомонӣ ба дасти як ронанда фиристодам. Худам пули роҳро қарз гирифтаам.»

Ин дар ҳолест, ки бар тибқи маълумоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, нархи шиносномаи хориҷӣ 29 доллар ва дар маҷмӯъ бо масрафоти дигар беш аз 100 сомониро ташкил медиҳад. Меҳдӣ Собиров, журналисти мустақили тоҷик, ки чанд муддат вазъи дарёфти шиносномаҳои хориҷиро аз ҷониби муҳоҷирони корӣ дар кишвар, мавриди тадқиқ қарор додааст, мегӯяд:

«Мушкилоти муҳоҷирон дар кишвари худашон сар мешавад. Аз сабаби он ки маош дар ниҳодҳои ҳифзи тартибот, фурӯдгоҳ, роҳи оҳан, хулоса дар ҳама ҷо кам аст, барои ҳамин ҳам, ҳама кӯшиш мекунанд, ки аз муҳоҷирон ягон чиз гиранд. Ман шоҳиди инам ки як паспорти хориҷиро ба муҳоҷирон ба ивази то 200 доллар медиҳанд.»

Ҷаноби Собиров мегӯяд, ин дар ҳолест, ки муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои хориҷ, бахусус Русия, яке аз манбаҳои муҳим ва аслии вуруди маблағ ба кишвар ва то андозае аз миён рафтани мушкили бекорӣ, ғанӣ гаштани буҷаи давлат ва беҳбуд ёфтани вазъи оилаҳои камбизоати тоҷик мебошад:

«Ба ҳама душвориҳо нигоҳ накарда, муҳоҷирони корӣ вазъи иқтисодии кишварро беҳбуд мебахшанд. Бояд шиносномаҳоро ҳар қадар, ки мумкин аст, арзон ба онҳо диҳанд. Онҳое ки дар ин шӯъбаҳо кор мекунанд, сол то сол миллионер шудаанд, аммо халқи бечора қашшоқ шудааст.»

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, олими иқтисоддони тоҷик дар робита ба муҳоҷирати корӣ ва таъсири он ба самтҳои мухталифи ҷомеъа гуфт, ҳамасола аз ҳисоби муҳоҷирони кории тоҷик, маблағҳои зиёд ба бонкҳои Тоҷикистон ворид мешавад:

«Мутобиқи маълумоти расмӣ, 60 дар сад, аммо мувофиқи маълумотҳое ки мо дорем, 40 дар сади муҳоҷирон пулҳояшонро тавассути бонкҳо мефиристанд. Мувофиқи маълумоти Бонки Миллӣ дар 9 моҳи соли 2005, беш аз 400 миллион доллар, аз ҷониби муҳоҷирон ба кишвар ворид шудааст, агар боз 3 моҳи дигарро илова кунем, ин рақам ба 600 миллион мерасад.»

Ба ин тартиб, мутобиқи маълумоти расмӣ ҳамасола ҳудуди ним миллион, аммо бино бар омори ғайрирасмӣ ҳудуди 1 миллион аҳолии Тоҷикистон, ҳамчун муҳоҷири корӣ қаламрави кишварро тарк мекунанд.
XS
SM
MD
LG