Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниҳолшинонӣ оғоз шуд


12-уми феврал дар шаҳри Душанбе ва деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ниҳолшинонӣ оғоз шуд. Кормандони вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон барои як боғи ороишӣ дар назди бинои ояндаи Кохи миллат зиёда аз ҳазор бех ниҳолҳои арчаву ёс шинонданд ва якҷо бо аҳолии маҳаллӣ дар Чоряккорон ба бунёди як боғ асос гузоштанд. Қарор аст дар ин боғ 12 ҳазор бех дарахти мевадиҳанда шинонда шавад. Дар ин маросим раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ширкат дошт. Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки чунин ниҳолшинониҳои муташаккилона дар дигар шаҳру рустоҳои кишвар низ анҷом мегирад. Тибқи хабари дигар, боғи Чоряккорон дар оянда маҳалле хоҳад буд, ки меҳмонҳо ва ҳайатҳои хориҷӣ дар ҷараёни боздиди худ аз Тоҷикистон ба нишонаи ёдгорӣ дар он ҷо ниҳоле хоҳанд шинонд.
XS
SM
MD
LG