Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёдҳо аз тазоҳуроти хунбори соли 1990


Шонздаҳ сол муқаддам дар рӯзи 12-уми феврал дар шаҳри Душанбе мардум даст ба тазоҳурот заданд ва дар назди бинои ҳукумати вақт ҷамъ омада, тақозо карданд, ки раёсати ҷумҳур ба истеъфо равад. Ба сӯйи издиҳоми мардум тир кушода шуд ва дар натиҷа 25 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида ва беш аз 450 тани дигар захмӣ шуданд. Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, рӯйдодҳои баҳманмоҳи соли 1990 дар Тоҷикистон кори дасти Михаил Горбачёв, президенти Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамдастони ӯст:

"Умуман, воқиаҳои февралӣ аз Душанбе сар нашуда буд, қаблан ин гуна рӯйдодҳо дар Новочеркасск, Саратов, Куйбишеви Русия ва дар чанд минтақаи дигари Шӯравӣ рух дода буданд, яъне мақсад барҳам додани пояҳо, рукнҳои давлати иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ва тазоҳуроти Душанбе гувоҳи он буд, ки дигар на ба таври пинҳонӣ, балки мустақиман тарҳҳои барҳамзании Шӯравӣ матраҳ мешуданд."

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи паёмадҳои рӯйдодҳои феврали соли 1990 то ҳол бадард андеша меронанд ва бархе аз онҳо ҳатто намехоҳанд, ки ин рӯзҳоро ба ёд оранд:

"Барфи шадид меборид, кӯчаҳо ҷанг, митингҳо мешуд, одамони бегуноҳ кушта шуданд. Президент ва ҳукуматаш истеъфо равад гуфта талаб мекард мардум.

"Халқ метарсид аз ҳама чиз, одамон мисли имрӯза озодона дар берун намегаштанд."


"Агар кушед ҳам, дигар он воқиаҳоро ба ёд оварда наметавонам."

Пас аз як соли воқиаҳои баҳманмоҳи соли 1990 Тоҷикистон соҳиби истиқлол шуд. Дар соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар шурӯъ гардид ва боиси ҳалокати беш аз 100 ҳазор нафар ва муҳоҷирати беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон шуд.
XS
SM
MD
LG