Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости нави СММ барои Тоҷикистон


Муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон фардо, 13 феврал аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост хоҳанд кард, ки барои иҷрои барномаҳои коҳиши камбизоатӣ, рушди иқтисодӣ ва демократия дар Тоҷикистон имсол беш аз 51 миллион доллар кӯмак кунад.
Маросими хоси даъват аз ҷомеаи байналмилалӣ рӯзи душанбе дар пойтахти Тоҷикистон дар дафтари намояндагии Созмони Милал баргузор мешавад.
Идораҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо нашри як баёнияи интернетӣ имрӯз гуфтанд, тасмим гирифтаанд, дар ин кишвар соли равон 56 барнома иҷро кунад. Ин барномаҳо барои беҳбуди дастрасӣ ба хадамоти аввалияи иҷтимоӣ, рафъи мушкилоти вобаста ба фалокатҳои табиӣ ва рушди демократия амалӣ мешудаанд.
Дар баёнияи иттилоотии Созмони Милал гуфта мешавад, ки аз соли 2003 то 2005 ҳаҷми кӯмакҳои хориҷии гирифтаи Тоҷикистон беш аз ним миллиард доллар будааст.
XS
SM
MD
LG