Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амри Додгоҳи Олӣ дар мавриди парвандаи Мухтори Боқизода


Додгоҳи олии Тоҷикистон аз додгоҳи шаҳри Душанбе тақозо кардааст, то нисбат ба парвандаи Мухтори Боқизода, сардабири нашрияи мустақили «Нирӯи сухан», ки соли гузашта ба ду соли корҳои ислоҳӣ маҳкум шуда буд, таҷдиди назар кунад. Мухтори Боқизода дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ин тасмими Додгоҳи олӣ гувоҳи он аст, ки додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ва додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи ӯро ғайримунсифона баррасӣ ва дар маҳкум кардани ӯ ба 2 соли корҳои ислоҳӣ ва ситонидани 20 дар сади моҳонааш ба сӯди давлат иштибоҳ кардаанд: "Ман умедвор ҳастам, ки шояд ин иқдоми неке, ки аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон сурат гирифтааст, ба ягон натиҷаи дилхоҳ оварда мерасонад. Ҳамеша вақте ки аз ҷониби «боло» супориш мешавад, зинаҳои поёнӣ бояд онро мавриди баррасӣ қарор диҳанд ва онро пурра омӯзанд."

Мухтори Боқизода инчунин гуфт, ки бар асари боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ва баста шудани чопхонаи «Кайҳон», ки ба ӯ тааллуқ доштааст, ҳудуди 800 ҳазор сомонӣ зарари молӣ дидааст. Вай афзуд, дар сурати ба фоидаи ӯ эълом шудани ҳукми додгоҳи таҷдиди назар, барои ҷуброн кардани зарари моддӣ ва маънавӣ аз мақомоти пулиси молиёт се миллион сомонӣ тақозо хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, пас аз ин ки Додгоҳи олӣ рӯзноманигор Ҷумъа Толибовро аз маҳбас раҳо кард, дигар хабарнигорон ба мустақилияти додгоҳҳо эътимод пайдо карданд ва ӯ бовар дорад, ки қазияи Мухтори Боқизода ҳам мусбат анҷом меёбад. Оқои Қаршибоев ҳамчунин хабар дод, ки ахиран бо дахолати ниҳоди вай сардабири нашрияи «Баҳористон»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Шаҳриннисо Шерматова дар як муҳокамаи додгоҳӣ ғолиб шудааст: "Сардабири рӯзномаи ҳукуматии «Баҳористон»-и ноҳияи Ҷомиро беасос аз аз вазифааш барканор карданд. Ва ҳоло мо дар даст як ҳукми додгоҳи шаҳри Ёвонро дар даст дорем, ки тибқи он, хонум Шерматова ба кори худаш барқарор карда шудааст."

Оқои Қаршибоев мегӯяд, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳамеша аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дифоъ мекунад ва то ин вақт дар ҳалли мушкилоти ҳуқуқии аксари муроҷиаткунандагон мусоидат кардааст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG