Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби асъори хориҷӣ дар саррофиҳои Тоҷикистон


Қимати расмии асъори хориҷӣ, аз он миён доллари амрикоӣ, евро ва рубли русӣ дар ин ҳафта як андоза коҳиш ёфтааст. Мувофиқи иттилоъи Бонки Миллии Тоҷикистон, рӯзи 10-уми феврал нархи евро назар ба ҳафтаи сипаришуда ду дирам поин рафта ва ҳамакнун як евро муодили 3 сомонию 85 дирам, вале як доллари амрикоӣ 3 сомонию 21 дирам ва дар қиёс бо ҳафтаи гузашта бетағйир мондаааст. Қимати расмии рубли русӣ низ як дирам коҳиш ёфта, 10 рубл ба ивази як сомонию 13 дирам харидорӣ мешавад.

Ва аммо дар саррофиҳои Тоҷикистон асъори хориҷӣ ба кадом нарх харидорӣ мешавад? Дар саррофиҳои шаҳри Душанбе ин ҳафта қимати 100 доллари амрикоӣ як сомонӣ боло рафта, ба 322 сомонӣ харида ва ба 324 сомонӣ фурӯхта мешавад. Евро низ дар саррофиҳои Душанбе гаронтар шудааст ва ҳамакнун 100 евро баробар ба 380 -385 сомонӣ харидуфурӯш мешавад. Вале рубли русӣ дар муқоиса бо як ҳафтаи қабл арзон шудааст. 100 рубли русӣ дар саррофиҳои пойтахт ба ивази 11-12 сомонӣ, сад сӯми ӯзбекӣ ба 20-25 дирам харидорӣ мешавад.

Дар саррофиҳои шаҳри Кӯлоб арзи амрикоӣ чун як ҳафтаи қабл 325 сомонӣ ва 100 рубли русӣ 110 - 111 сомонӣ арзиш дорад. Вале дар Қӯрғонтеппа нархи асъори хориҷӣ нисбат ба арзи миллӣ як андоза гарон шудааст. Ин ҳафта 100 доллари амрикоӣ ба 323 сомонӣ харида ва ба 325 сомонӣ фурӯхта мешавад. Қимати евро ва рубли русӣ тақрибан тағйир наёфтааст. Ин ҳафта болоравии нархи арзи аврупоӣ дар саррофиҳои шаҳри Хуҷанд низ ба назар расидааст. 100 евро муодили 375-380 сомонӣ шудааст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта аз 5 то 10 сомонӣ гаронтар аст. Қурби доллари амрикоӣ, рубли русӣ ва сӯми ӯзбекӣ бетағйир мондааст.

Коршиносони масоили иқтисодӣ тахмин мезананд, ки дар авоили фасли баҳор қимати асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон боло хоҳад рафт. Ба иддаои бархе аз соҳибназарон, ҳамасола дар фасли баҳор теъдоди зиёди мардикорони тоҷик ба хориҷи кишвар муҳоҷир мешаванд ва барои харҷи роҳ ба онҳо асъори хориҷӣ лозим меояд. Чун талабот ба арзи хориҷӣ меафзояд, табиист, қимати он ҳам боло меравад.
XS
SM
MD
LG