Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба ҳалокати муҳоҷирон дар Маскав


Ноиби аввали раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев ҳалокати 16 муҳоҷири тоҷикро дар сӯхтор дар Русия мусибати калони умумимиллии тамоми мардуми тоҷик номид. Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз вазъи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия нигаронкунанда боқӣ монда, беҳбуди ин вазъ ҳадафи аслии ҳукумати феълист. Вай гуфт: "Дар Русия муҳоҷирони мо зиндагии вазнин доранд, дар он ҷо чи хеле ки мехоҳанд, бо онҳо муносибат мекунанд. Агар мо ҳуқуқу вазифаҳои худро донем, талаб карда тавонем, бедор бошем, ягон кас ҳаққу ҳуқуқи моро поймол карда наметавонад. Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон худашро ҳам дар назди созмонҳои байналхалқӣ, ки узви он асту меъёрҳои онҳоро қабул кардааст, ҳам дар назди он давлату ҳукуматҳое, ки шаҳрвандонашон дар Тоҷикистон умр ба сар мебаранд, кор мекунанд ё ба ҳайси сайёҳ омадаанд, масъул мешуморад ва амнияти ин шаҳрвандони хориҷиро таъмин мекунад. Ин дар сатҳи давлат кафолат дода мешавад. Ин корро давлатҳои дигар ҳам бояд анҷом диҳанд. Ман бовар дорам, ки ҳукумати Русия ба ин масъала аҳамият медиҳад. Марги шаҳрвандони мо барои кулли ҷомиаи Тоҷикистон мусибати калон аст."
Аммо то ба ҳол ҳукумати Тоҷикистон ба ҷуз як тасаллияти президенти кишвар дар бораи ҳалокати муҳоҷирон изҳороти расмӣ нашр накардааст. Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, аз ин рӯйдодҳо огоҳ аст, вале хулосаҳои таҳқиқи худро мунташир накардааст. Мақомоти Русия низ дар шарҳи ин фоҷиа ва ҳамчунин аз хобгоҳҳои худ ронда шудани муҳоҷирон дар сармои 36-дараҷагии Маскав чизе нагуфтаанд.
XS
SM
MD
LG