Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи бозиҳои Турин - 2006


Дар Бозиҳои бистуми зимистонаи олимпӣ дар Турини Италия, ки 10 феврал шурӯъ шуд ва то 26 феврал идома меёбад, беш аз дуним ҳазор варзишгар аз 85 кишвари ҷаҳон ширкат ва дар 15 риштаи варзиш рақобат хоҳанд кард. Аз Тоҷикистон ҳамагӣ як варзишгар -- Андрей Дригин дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар се навъи рақобатҳо, ки рӯзҳои 12, 18 ва 20 феврал доир мешавад, ширкат меварзад. Андрей Дригин аз Русия даъват шуда, ба ӯ шаҳрвандии Тоҷикистон дода шудааст ва дувумин бор аст, ки шарафи ин кишварро дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ҳимоя мекунад. Бино ба иттилои Ширинҷон Мамадсафоев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар шаҳраки олимпии Турин маросими барафрохтани парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Муовини шаҳрдори Турин ба раҳбари дастаи Тоҷикистон Муҳаммадшоҳ Абдуллоев машъали хотиравӣ тақдим сохт. Сипас ба ифтихори дастаи Тоҷикистон гурӯҳи ҳунарии шаҳри Турин барномаи консертӣ иҷро кард.

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои ширкат дар бозии дӯстона бо тими миллии Қатар рӯзи ҷумъаи 10 феврал озими пойтахти ин кишвар -- шаҳри Доҳа шуд. Шариф Назаров, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ба ин бозӣ, ки рӯзи 14 феврал баргузор мешавад, мо тайи ду ҳафта омодагӣ гирифтем. Дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дар шаҳри Душанбе 25 нафар аз ҳафт дастаи лигаи олии кишвар ширкат карданд ва 18 нафар барои ширкат дар бозии дӯстона бо тими миллии Қатар роҳ ёфтанд. Бозии дӯстона бо тими миллии Қатар, афзуд Шариф Назаров, барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми даъвати AFC - Конфедератсияи футболи Осиё маҳсуб мешавад. Дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқот дар гурӯҳи «D» бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 24 март то 9 апрели соли равон дар Бангладеш баргузор мешавад. Тими миллии Қатар бошад, ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё, ки аз 22 феврал то 16 ноябри соли равон доир хоҳад шуд, омодагӣ мегирад. Ин даста дар гурӯҳи F бо тимҳои миллии Узбакистон, Ҳонконг ва Бангладеш хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG