Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷаро бо муҳоҷирини тоҷик дар Алмаато


Субҳи ҷумъаи 10- уми феврал дар бозори Барахолкаи шаҳри Алмаато кормандони пулис муҳоҷирони кориро, ки ағлаби онҳо тоҷирони тоҷик буданд, боздошт карданд. Боздоштшудагон, ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, тақрибан 50 нафар будаанд. Ерлан Раҳимбек - сухангӯи идораи корҳои дохилии шаҳри Алмаато дар ин робита гуфт, ки боздоштшудагон онҳоеанд, ки ҳуҷҷатҳояшон нопурра буда, муҷавизашон тамдид нашудааст.

Вале як муҳоҷири тоҷик, ки шоҳиди боздошти ҳаммеҳанонаш будааст, изҳор кард, ки пулис вақти боздошт чандон ба аснод таваҷҷӯҳ ҳам накарда, муҳоҷиронро аз дӯконҳояшон берун мекард: "Дар Барахолка омаданд, мо ҳама чӣ доштем, сабти иқомати яксола доштем. Кадоме сабти иқомати яксола дошт ӯро ҳам гирифтанд, кадоме надошт гирифтанд ва кадоме, ки сабти иқомати семоҳа дошт, ҳамаро боздошт карда бурданд."


Муҳоҷири дигар бошад аз он шикоят дошт, ки кормандони пулис бисёриҳоро ҳатто фурсате ҳам надоданд, ки дӯконҳояшонро бубанданд: "Дӯкона боз монда рафтанд, қариб 7-8 ҳазор тангаро дуздиданд. Ҳар дафъа ҳамин хел аст, як бор, ду бор нест. Боздошт ва боз озод мекунанд, меояд, ки ними бор нест."
"Умуман ягон қонун ҳаст. Қонун набошад, гӯянд, ки тоҷикон биравед аз ин ҷо. Ва мо биравем."


Ағлаби мусоҳибони мо, ки дар бозори Балашак тиҷорат мекунанд, мегӯянд, чанд моҳ аст, онҳоро фақат барои 3 моҳ сабти ном мекунанд. Барои гирифтани муҷҷавиз барои тиҷорат ва ҳуҷҷати молиёт бошад, сабти номи яксола зарур аст. Дар натиҷа аксари муҳоҷирони кории тоҷик бидуни муҷҷавизи корӣ мондаанд ва озодона тиҷорати хешро идома дода, наметавонанд.

Чанд тан аз муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷикро дар идораи пулиси ноҳияи Четтису барои напардохтани молиёт 20600 танга, ки баробари анқариб 160 доллар аст, ҷарима карданд. Алъон тақдири муҳоҷирони боқимонда маълум нест. Дар консулгарии Тоҷикистон дар Алмаато низ гуфтанд, ки дар ин робита алъон онҳо низ аз пулиси муҳоҷират иттилоъи расмие нагирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, сӯхангуи идораи корхои дохилии шаҳри Алмаато гуфт, ки имкон дорад, асноди муҳоҷирони кории боздоштшуда тайи 1-2 рӯз бозрасӣ гардида, сипас тасмими ниҳоӣ дар мавриди иҷозаи фаъолият ва ё радди марз кардани онҳо гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG