Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафни муҳоҷирони корӣ дар зодгоҳҳояшон


Ҷасади чаҳор нафар муҳоҷир,ки ба Тоҷикистон мунтақил шуд, дар водии Рашт,дар зодгоҳашон ба хок супурд шуд. Ҳайдаршо Искандар як сокини ноҳияи Рашт бо изҳори таассуф гуфт, мардуми ин ноҳия аз фоҷиаи ба вуқӯъ пайваста ва ҳалокати чаҳор ҷавонмард бисёр маъюс шудааст.
Тибқи омори расмӣ танҳо аз ноҳияи Рашт ҳар сол ҳудуди ҳашт ҳазор нафар барои дарёфти ҷойи кор озими Русия мешавад. Алорағми солҳои пешин, дар фасли сармо низ дар Русия мемонанд ва кору фаъолият мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Додархоҷа Сироҷов сармутахассиси идораи шуғли аҳолии ноҳияи Рашт, метавон бо истифода аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва шуғли сердаромади боғдориву зироаткорӣ раванди афзоиши муҳоҷирати кориро дар ноҳия коҳиш бахшид.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG