Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти ҳузнангези муҳоҷирони тоҷик ба ватан


Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия, Муҳаммади Эгамзод имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷанозаи чор муҳоҷири тоҷик,ки шаби 8-уми феврал дар як анбори шаҳри Маскав дар пайи сӯхтор ҳалок шудаанд, шаби 9 феврал тариқи ҳавопаймо ба Тоҷикистон фиристода шуд.
Омодагӣ барои интиқоли 12 ҷанозаи дигар идома дорад ва баробари ба анҷом расидани бозрасии тиббӣ онҳо ба Тоҷикистон фиристода хоҳанд шуд. Бино ба хабари сафорат, шабҳои 3-6 ва 8 феврал дар се сӯхтор дар шаҳру вилояти Маскав 16 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули ду зану як писарбачаи 12-сола ҷон додаанд ва ду нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.
Ҳафт тани ҳалокшудагон аз деҳаи Кофарниҳони ноҳияи Ваҳдат, 2 нафар аз деҳаи Тӯдаи ноҳияи Ҳисор, 4 нафар аз Рашт ва ду зану як писарбача аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Панҷакент будаанд. Занону мардони ҳалокшуда аз 20 то 40 сол умр доштаанд. Бино ба иттилоъи манобеъи тафтишотӣ, дар робита ба ҳар се сӯхтор парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст.
Додситони вилояти Маскав Сергей Василев хабар додааст, ки муҳандиси барқи анбори меваҷоти шаҳри Долгопрудний боздошт шудааст. Ба гуфтаи додситон, анбори Долгопрудний дар Аврупо бузургтарин ва ободтарин анбори меваҷот аст, вале дар ҳошияи он роҳбарони корхона кулбаҳои берун аз лоиҳа сохтаанд.
Ба гуфтаи Кароматулло Шарифов, раиси Тоҷик-Диаспора дар Маскав нӯҳ нафар аз қурбониён, танҳо дар як моҳ муъодили беш аз 1500 доллар иҷорапулӣ додаанд, дар ҳоле, ки ин кулбаҳо оддитарин шароити зистро надоштаанд. Бар илова шабҳо корфармоён дарро аз берун қулф ва истифодаи рӯшнойиро манъ мекардаанд, то ки пулиси минтақа онҳоро пайдо накунад.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG