Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заррабин: "Вилояти Суғд чашм ба роҳи рӯзномаҳои мустақил"


Нахустин нашрияи мустақили Суғд ба саҳнаи матбуоти минтақаи шимолии Тоҷикистон дар соли 2000-уми милодӣ бо номи «Суғд» ворид шуд, ки ҳафтае як маротиба ба забони тоҷикӣ нашр мешавад. Дар муддати шаш соли сипарӣ боз се нашрияи мустақили дигар «Суғдиёна» ба тоҷикӣ «Вароруд» бо саҳифаҳои русиву тоҷикӣ ва ниҳоят «Тонг», яъне «Субҳ» дар соли 2005 ба забони узбакӣ ба нашр даромада, теъдоди расонаҳои чопии мустақили вилояти Суғдро ба чаҳор адад расониданд.

Феълан ин ҳафтаномаҳо дар Хуҷанд бо шумораи тақрибан 4 ҳазор нусха нашр мешаванд. Дар ҳоле, ки дар муддати 15 соли ахир шумораи нашрияҳои давлатӣ дар шимоли Тоҷикистон аз 50 адад гузашта, теъдоди нашрашон ба даҳҳо ҳазор нусха мерасад.

Вилояти Суғд рӯзномае, ки ҳар рӯз ба дасти чоп бирасад, надорад. Ба ҳамин тариқ, чаҳор нашрияи мустақил дар баробари 50 нашрияи ҳукуматӣ дар вилояти Суғд. Саволе матраҳ мешавад, ки чаро матбуоти мустақил дар Суғд рушд накард?

Сабаби инро аксари коршиносони маҳаллӣ дар умури матбуот ба набуди фазои мусоиди сиёсӣ дар Тоҷикистон барои рушди васоити ахбори мустақил вобаста медонанд. Бобоҷони Икром - сардабири нашрияи «Вароруд»:

«Ҳарчанд дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар ин самт қадамҳои устувор гузошта шудааст, вале ба ҳар ҳол муҳити хуби сиёсӣ барои рушди матбуоти озод фароҳам оварда нашудааст. То кунун як дараҷа тарс ва таҳлука аз ҷониби муассисони матбуоти озоди кишвар дар баробари мақомот эҳсос мешавад. Дар мисоли нашрияҳои «Рӯзи Нав» ва «Нерӯи Сухан» хатари баста шудани матбуоти озод аз байн нарафтааст ва мақомот метавонанд дар ҳар лаҳза ва бо ҳар баҳона матбуоти мустақилро бубанданд. Дар чунин шароит бештари муассисаҳои чопӣ ба хотири аз байн нарафтан аз инъикоси бисёр ҳодисаҳои сиёсӣ, фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳо ва ё инъикоси коррупсия ва ришвахорӣ дар сатҳи мақомоти давлатӣ канорагирӣ мекунанд. Яъне, як навъ худсензура дар ҳама намуди расонаҳои хабарӣ дида мешавад ва дар чунин вазъ аз рушди матбуоти мустақил ва озод наметавон сухан гуфт.»

Камбуди молӣ дигар аз мушкилоти аслии нашрияҳои мустақили Суғд ва ба майдон наомадани расонаҳои нави озод дар ин минтақа арзёбӣ мегардад. Воқеан, ҳар чаҳор нашрияи мустақили Суғд дар қадами аввал бо дастгирии ройгони молии намояндагии созмони амният ва ҳамкории Аврупо, сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон ва Бунёди миллии амрикоии рушди демократия (NED) сари фаъолият омадаанд.

Дар ин маврид Абдулмаҷиди Бобоҷониён - сардабири ҳафтавори «Суғд» мегӯяд, нашрияаш бо паси сар гузоштани панҷ соли фаъолият ҳамакнун аз нигоҳи молӣ ба нашри шумораҳои худ ноил шудааст:

«Суғд» дар ҳоли ҳозир мустақилона амал мекунад, худро аз нигоҳи молӣ таъмин мекунад ва дар бозори матбуоти вилоят харидори худро дорад. Аммо имрӯз маблағе, ки аз фурӯши нашрия ба даст меорем, фақат ба чопи шумораи нав кифоят мекунад. Ин маблағ барои беҳбуди шароити кории аҳли эҷод ва зиёд кардани теъдоди ҳафтавор кӯмак нокофӣ мебошад.»

Аммо Илҳоми Ҷамолиён - муассис ва сардабири Оҷонси иттилоъотии «Вароруд» меафзояд, ки камии таъдоди нашри нашрияҳо таваҷҷуҳи рекламадиҳандаро аз расонаҳо дур мебарад:

«Рекламадиҳанда усулан манфиатдор аст, ки доираи хонанда ва муштариёни нашрия васеъ бошад, яъне нашрия зиёдтар дар байни мардум паҳн шавад. Вале таъдоди нашри ҳафтаномаҳои мо аз як ё якуним ҳазор беш нест ва ин ҳолат онҳоро бо душвории дарёфти рекламадиҳанда рӯ ба рӯ кардааст.»

Матбуоти мустақили Суғд бо дасти холӣ ва ба иллати гаронии арзиш наметавонад аз хадамоти ягона муассисаи «Почтаи Тоҷикистон» барои ба дасти муштарӣ расонидани шумораҳои худ истифода кунад. Тилав Расулзода - рузноманигори мустақил дар Хуҷанд:

«Ҳатто як деҳаи бузурге, ки то бист ҳазор аҳолӣ дорад, як нафар рӯзномарасон ё хаткашон ва дӯкони рӯзномафурӯшӣ надорад. Ва ҳамин аз байн рафтани хадамоти рӯзномарасонӣ боиси аз нашрияҳо дур мондани аҳолӣ шудааст.»

Аммо дар радифи камбуди молӣ масъулини нашрияҳои мустақили Суғд андозбандиҳои гарон ба нашрияҳо, тафтиши зиёди расонаҳои мустақил аз ҷониби мақомоти мухталифро ҳамчун омилҳои аз рушд боздорандаи матбуоти озод дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд ном мебаранд.
XS
SM
MD
LG