Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳидони феврали 1990, садо диҳед!


НОМАҲОИ НАВ

Ман фикр мекунам ҳоло вақти сабти ин хотираҳо нарасидааст. Зеро мардум шаҳди он талхиҳое ки замони ҷанги шаҳрвандӣ чашида буданд, аз хотир набаровардаанд. Ва он мусибатро ба хотир овардан ва ҷароҳати ниммарҳамгаштаи мардумро ба харош додан ба фикрам он қадар хуб нест. Агар чунин бошад пас мардум боз ба сияҳ кардани якдигар оғоз хоҳанд кард. Бо вуҷуди оне ки таърихро ба хотир овардану аз он сабақ гирифтан беҳтарин кор аст.
Мӯъмин

----------------------------------------------
Аз идора: Бале, ба назар мерасад, ҳақ ба ҷониби дӯсти мо Мӯъмин аст, зеро дар қатори номаҳо як номае ҳам омад, ки дар он муаллиф на воқеъаҳоии дидаи худ, балки суханони аз дигарон шунидаашро асос кардаву афроди муайянеро ном ба ном мавриди танқид қарор дода буд. Як чиз дуруст фаҳмида нашуд, ки мақсад ёфтани гунаҳкорон ва ё сиёҳ кардани ин ё он шахс нест, балки нақли он рӯйдодҳое ки кас бо чашмони худ дида бошад. Аз тарафи дигар радиои Озодӣ чунин қоида дорад, ки номаҳои бедалел, таҳқиркунанда ва ғаразомезро нашр намекунад.
-----------------------------------------------
Дар саҳифаи шумо ёдоварӣ аз баҳманмоҳро хонда, хушҳол шудем, ки он рӯзро фаромӯш накардаед. Рӯзномаҳои Тоҷикистон аз он ёд накарданд. Аммо дар он ҷо гуфтед, ки мардум истеъфои раёсати ҷумҳуриро талаб кард. Он вақт раёсати ҷумҳурӣ набуд. Ва радиои Озодӣ бояд коррекност дошта бошад. Ман аз хонандагони саҳифаи шумо ҳастам.
Бо салом Ҳофиз Қосимӣ,
донишҷӯи ДМТ, сиёсатшиносӣ

------------------------------------------------
Аз идора: Сипосгузорем, барои ин ишораи муҳим. Дарвоқеъ он вақт дастгоҳе ба номи раёсати ҷумҳурӣ вуҷуд надошт ва мардум истеъфои Котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби коммунист, раиси Шӯрои вазирон ва раиси Шӯрои олиро талаб мекард. Ҳамин ҳам як далел аст, ки агар аз ҳоло ва дастҷамъона хотироти он рӯзҳоро ҷамъ наорем, бо гузашти айём, тасвири ҳодисаҳо тадриҷан тағйир меёбад ва кӣ медонад, баъд аз 20 соли дигар одамон он рӯйдодҳоро чӣ гуна ба қалам хоҳанд дод. Дар Тоҷикистон баъзеҳо ғайримустақим рӯйдодҳои феврали соли 1990-ро шӯриши Созмони мардумии "Растохез" номиданд, ки низ чандон саҳеҳ нест. Ҳамзамон шояд зарур нест, ки он рӯйдодҳо бо ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон пайванди мустақим дода шаванд.
Ҳамчунин сипосгузорем аз дӯсти мо Ҳофиз Қосимӣ, ки исми худро навиштааст. Дар оянда ва махсусан дар чунин мавзӯъҳои ҳассос мо номаҳоеро, ки имзои дақиқ надоранд, нашр нахоҳем кард.
------------------------------------------------

РӮЙДОД

Дар рӯзҳои 11 ва 12-уми феврали соли 1990 намоиши эътирозгарон дар рӯбарӯи Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ҳалокати 25 нафар ба поён расид. Бо сабаби он ки таҳқиқи ин воқеъа нотамом монд ва ё, ба қавле, мавриди тиҷоратҳои сиёсӣ қарор гирифта, ба кажроҳа рафт, то ҳанӯз ҳақиқати он ифшо нашудааст. Дар айни замон рӯйдодҳои, ба истилоҳ "Баҳманмоҳи хунин", оғозгоҳи нооромиҳои баъдӣ ва ҷанги дохилии Тоҷикистон (1992-1997) шумурда мешаванд.

БИЁЕД, ТАЪРИХРО БИНАВИСЕМ

Агар Шумо шоҳиди ин рӯйдодҳо будед, чӣ чиз дар ёди Шумо мондааст. Ва агар Шумо дар тасмимгириҳои муҳим ширкат доштед ва ё аз сирру асроре бохабар ҳастед, онро бинависед. Ё агар санаду наворе аз он рӯйдодҳо дар даст доред, ба мо бифиристед. Ва ё шояд нақли касонеро шунидаед, ки дар ин воқеъаҳо ширкат кардаанд. Боз ҳам бинависед. Шояд дар як ҷо ҷамъ овардани хотираҳо манзараи умумиро то ҳадде рӯшантар кунад ва ба дарёфти ҳақиқати он рӯйдодҳо мадад намояд?

ДАР САБКИ ВЕБЛОГ

Веблог (weblog) ихтирои нави мухлисони интернет аст ва сомонае мебошад, ки дар он ёддоштҳои хусусӣ ба мазҳари ом гузошта мешаванд ва ҳар хоҳишманд метавонад, ба онҳо фикре, назаре, нуктае, аксе ва ё ҳарфе илова кунад. Имрӯз дар гӯшаи "Майдони баҳс" бо истифода аз сабки weblog ҳамкори мо Салими Аюбзод хотираҳои худро аз рӯйдодҳои феврали солии 1990 нашр мекунад.

ХОТИРАҲОИ МАН

Пеш аз зӯҳри рӯзи 12-уми феврал ман дар шӯъбаи иҷтимоӣ ва сиёсии ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" нишаста будам, ки шунидам, мардум боз дар майдон ҷамъ мешаванд. Рӯзи гузашта мегуфтанд, чандсад нафар ба назди бинои Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон омада, талаб кардааст, ки ба арманиҳои гуреза манзил дода нашавад. Ва онҳо гуфтаанд, ки имрӯз меоянд, то ҷавоби талаби худро бишнаванд.
Ман берун баромадам ва ҳанӯз аз пиёдароҳи назди бинои Иттифоқи нависандагон гурӯҳе аз мардумро дидам, ки дар гулгашти назди Кумитаи марказӣ ба чашм мерасиданд. Вақте ба он сӯ мерафтам дар пиёдароҳ чашмам ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ бархӯрд, ки як боронии кремӣ дар бар ва портфел дар даст сари худро ба як тараф мойил кардаву низ ба сӯи майдон мерафт. Ман қадами худро тезондам ва ба ӯ наздик шудам, ки ҳамзамон садои ғалоғуларо шунидам. Ман устодро дарёфтам ва хоҳиш кардам, ба наздики майдон нарафта, аз кӯчаи паҳлу ба самти фурӯшгоҳи марказӣ равад. Гуфтам, ин роҳ амнтар аст. Аммо устод ба ин гап тан надод ва ба тарафи майдон рафт ва ман ҳам бо ӯ рафтам. (Дертар устод дар яке аз мусоҳибаҳояш ин лаҳзаро ёд кардааст, вале он вақт маро намешинохт ва номе аз ман набурдааст ва шояд то ҳол намедонад, ки ин шахс ман будам.) Мо ҳамроҳ ба издиҳом наздик шудем ва бо бархе аз ҷавонон ҳамсӯҳбат гаштем ва таассуроти кулли ман ин буд, ки дар байни онҳо афроди кӯчагӣ ва авбошнамо зиёд буда, бархе чандон ҳушёр намудор намешуданд. Онҳое ки дар сафҳои пеш қарор доштанд, бештар ба мардуми коргар ва азиятдида монанд буданд. Издиҳом якдаст ва якранг набуд. Чанд ҷавони тануманд дар байни одамон мегашт ва ба назар мерасид, мардумро идора мекард. Ман устод Шакуриро аз паҳлуи бинои Иттифоқи рассомон гузаронда то даромадгоҳи марказии фурӯшгоҳи марказӣ бурдам, хайрхуш кардам ва дубора аз назди издиҳом рад шуда ба ҷои кор баргаштам. Фикр кардам, корҳои заруриро анҷом дода, бояд боз ба назди издиҳом биёям ва идомаи корро бубинам. Дар майдони назди Иттифоқи нависандагон Мулло Абдғаффорро дидам, ки яктаҳи сафедгун ба бар дошт ва бо се нафари аз худаш ҷавонтар ба тарафи фурӯшгоҳи "1001 майда-чуйда" ва ё шояд ба тарафи Қозиёт мерафт. Ман ӯро аз роҳаш боздоштам ва наздик омадаму гуфтам, домулло, ин мардум кист? Ин кор оқибати нек надорад. Онҳо пур аз хашму ғазабанд ва зӯргӯӣ мекунанд. Домулло риши сираки зардашро панҷазанон ҳарфи маро шунид, баъд даст афшонду гуфт, на, ин хубай, нағзай, шавад...бояд шавад...
Вай ба роҳаш давом доду ман ба идора даромадам.

МАРДИ РУС

Коғазҳои рӯйи мизамро ҷамъ мекардам, ки садои тирпаронӣ ва ғулғулаи мардум ба гӯшам расид. Шӯъбаи мо дар табақаи сеюми кунҷи рости наздик ба майдони бинои Иттифоқи нависандагон воқеъ буд ва садо рӯшан ба гӯш мерасид. Дар дохили бино низ шарфаҳои тунд баланд гашт, як такопӯ ва ҳаракате.
Ман аввал ба палкона баромадам ва азбаски чизеро дидан намешуд, хостам ба берун бароям. Дар долон марди русе рӯбарӯям омад, ки чашмонаш аз ваҳм дамида буданд ва гуфт, вай дар куҷо метавонад, пинҳон шавад. Гуфт, моро мезананд. Ман ӯро ба даруни шӯъба роҳнамоӣ кардам, вале гуфтам, ин ҷо метавонӣ бимонӣ, аммо ман замонати бехатарии туро дода наметавонам. То ҳанӯз аз ин гуфтаҳои худ шарм мекунам. Калидро ба ӯ додам, то аз дарун дарро бубандад ва шнидам, ки садои пурғулғулаи издиҳом наздиктар меояд ва ягон-ягон тирпаронӣ мешавад. Ҳанӯз аз палкона дида будам, ки дар поён Сафар Абдулло чанд нафарро аз дасти издиҳом берун мекашид. Ба фикрам, онҳо ғайритоҷиконе буданд, ки издиҳом лат кардан мехост.
Аз зинаҳо поин давидам ва мардуми зиёдеро дар даромадгоҳи бино дидам, ки мошини хидматии раиси иттифоқ, шоири маҳбуб Мӯъмини Қаноатро аз чор тарафаш гирифта, аз замин мебардоштанду сар медоданд. Мошин дар миёни анбӯҳи мардум монанди заврақ дар мобайни об такон мехӯрд ва шино мекард. Гуфтанд, мошин зарур аст, зеро захмиеро бояд ба бемористон бурд. Ронанда, ки аввал аз даромадгоҳ бо алам ба манзара менигарист, баромад ва ба мошин нишаст. Одамон ба ӯ нишон доданд, ки ба кадом самт равад.
Вақте берун баромадам, симоҳои ваҳшатзадаи ҷавононро дидам. Ҳамзамон садои тирандозӣ баландтар мешуд ва издиҳом монанди аждари захмӣ худро ба ҳар сӯ мезад. Дӯкони қолинҳо дар он сӯи кӯчаи Путовский оташ гирифт ва як кӯшки рӯзномафурӯшӣ сарнагун шуд. Дар шохи дарахтони атроф порчаҳои барфи се рӯз пеш монда буд, ки бо садои тирҳо ин порчаҳои барф аз шохсорон фурӯ мерехтанд. (Дертар ҳукуматдорон гуфтанд, тирҳо пахтагӣ буданд...)

ИДОМА ЁБАД?

Хонандаи арҷманд! Ба назари Шумо оё ин хотираҳоро бояд идома дод? Агар посухи Шумо мусбат аст, пас низ ба ин саҳифа фикру ақидаву хотираҳои худро илова кунед. Он гоҳ ман бо майли тамом, хотираҳои худро идома хоҳад дод. Агар худованд ба ҳамаи мо мадад кунад, хоҳем тавонист як ёддоштҳои мардумиро рӯи саҳифа овард. Интизори номаҳои Шумо. Саломат бошед.

НОМАИ ХОНАНДА

Салом Акои Салим. Ман фикр мекунам, ки ин хотираҳоро ҳатман бояд давом дод. Бигузор, шоҳидони он ҳодисаҳои хунин хотираҳои худро бе каму кост ба мардум расонанд. Ба фикри ман, ин барои таърихи миллат, барои ояндагон хело муҳим аст. Ман чунин фикр мекунам, ки то ҳол ба ин воқеаҳо баҳои сиёсӣ дода нашудааст.
Агар сари вақт ин воқеъаҳо таҳлил шуда баҳои сиесӣ мегирифт ва ҳақиқат дастраси мардум мешуд, шояд воқеъаҳои баъдина ба таври дигар сурат мегирифтанд.
Бо эҳтиром Маҳмадраҳим.
XS
SM
MD
LG