Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мубориза барои Ҷоми Туркманбошӣ


Дастаи футболи CSKA-и Душанбе дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми президенти Туркманистон, ки рӯзи шанбеи 11 феврал дар шаҳри Ишқобод оғоз мешавад, ширкат меварзад. Дар дувоздаҳумин давраи мусобиқот дастаҳои футболи Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Украина ва Эрон иштирок доранд.
Тибқи низомномаи мусобиқот дар марҳилаи аввал ҳашт даста дар ду гурӯҳ рақобат мекунад. Ба гурӯҳи аввал CSKA- и Душанбе, «Трактор»-и Тошканд», МТТУ-и Ишқобод ва «Небитчӣ»-и Балканобод ва ба гурӯҳи дувум «Ворскла»-и Полтава, «Персполис-Хуросон»-и Машҳад, «Дачия»-и Кишинёв ва «Марв»-и Марв дохиланд.

Ғолибони гурӯҳҳо барои ширкат дар бозии ниҳоӣ, ки 19-уми феврал -- дар рӯзи Иди парчами миллии Туркманистон ва зодрӯзи президенти ин кишвар Сафармурод Ниёзов доир мешавад, роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳи худ мақоми дувумро ишғол мекунанд, байни ҳам барои ҷоизаи севум талош меварзанд. Барандаи Ҷоми Туркманбошӣ соҳиби 20 ҳазор доллар мешавад.

Дастае,ки дар мақоми дувум қарор мегирад, бо 10 ҳазор доллар сарфароз мегардад. Ба дастае, ки мақоми севумро касб мекунад, 5 ҳазор доллар тақдим хоҳад шуд. Воқеан, соли гузашта дастаи «Авиатор» -и Бобоҷон Ғафуров дар ин мусобиқот бо ҷоизаи севум сарфароз гашта буд. Нӯҳ маротиба Ҷоми Туркманбоширо мизбонон ба даст овардаанд.

Дастаи «Нисо»-и Ишқобод аз ҳама бештар чаҳор бор бо Ҷоми Туркманбошӣ сарфароз гардидааст. «Копетдоғ»-и Ишқобод ва дастаи мунтахаби бошгоҳҳои Туркманистон дуборӣ, тими мунтахаби Ишқобод як маротиба дар ин мусобиқот пирӯз шудаанд. Ду бор Ҷоми президенти Туркманистонро меҳмонон тимҳои «Истиқлол»-и Эрон ва «Торпедо»-и Кутаиси ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG