Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги ваҳшатангези 16 муҳоҷири тоҷик


Даҳаи аввали моҳи феврал ва сармоҳои сарди Русия барои муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ва вилояти Маскав фоҷиабор омад. Бино ба хабаре, ки раёсати "Тоҷик - Диаспора", итиҳодияи иҷтимоии тоҷикони муқими Маскав ба радиои Озодӣ дод, шаби 3 феврал дар минтақаи Долгопруднийи вилояти Маскав ду зани муҳоҷири тоҷик бо як писарбачаи 12 - сола дар пайи сӯхтор дар кулбаи чӯбин ҳалок шуданд.

Шаби 5 ба 6 феврал дар ҳошияи анбори меваҷот дар маҳаллаи Хлебниковои шаҳри Долгопрудний дар пайи оташ гирифтани вагон 9 нафар ҷавонони тоҷик ҷони худро аз даст доданд. 4 тани дигар шаби 8 феврал дар маҳалли анбори хӯроквории шаҳри Маскав, воқеъ дар хиёбони Будённнй дар кулбаи чӯбин сӯхта, ҳалок гардиданд. Бар илова, соъатҳои 10 шаби 7 феврал пулиси шаҳри Долгопруднийи вилояти Маскав ҳудудан 600 нафар муҳоҷиронро аз хобгоҳҳо, вагонҳо ва иҷорахонаҳо берун кашид, ки 20 нафари онҳоро сармо задааст.

Шоҳиди ҳодиса Ҳокимҷон аз ҳоли мусофирон дар он шаб ба радиои Озодӣ тавр қисса кард: "Киро сармо намезанад? Ҳама дар ин шаби сармо дар кӯча рост истодаанд. Ҳамаро аз манзилҳо ронданд, заданд." Дар тавзеҳ ба гуфтаҳои Ҳокимҷон, метавон афзуд, ки маркази ҳавошиносии Русия сармои шаб 7- 8 февралро 36 дараҷа ва сардтарин шаб дар чанд соли ахир эълом карда буд.

Додситони Маскав ва вилояти Маскав дар робита ба ҳарсе сӯхтор, ки дар пайи он шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ҳарсе парванда бо қазияи истифодаи ғайримаҷоз аз барқ будааст. Намояндаи додситони вилояти Маскав Елена Рассохина аз додани иттилоъи бештар дар ин замина худдорӣ кард.

Аммо коршиносони тоҷик ва руъасои созмонҳои тоҷикони муқими Маскав чандин ривояти фоҷиаро ба таҳлил гирифтаанд: Нахуст, адами сиёсати шафофу равшан байни Русияву Тоҷикистон дар заминаи муҳоҷират. Дуввум, надоштани имкони интихоби ҷойи кор ва зисти муносиб ба далели беҳуқуқӣ. Саввум, эҳтимоли даст доштани нирӯҳои миллатгаро ва сӯхтори амдии макони сукунати муҳоҷирон.

Вале якояки ҳамсӯҳбатони мо дар робита ба рондани муҳоҷирон дар шаби сармо бар онанд, ки пулиси минтақа ва корфармоён барои пӯшонидани иштибоҳоти худ ба ин кор иқдом кардаанд. Кароматуллоҳ Шарифов, раиси созмони "Тоҷик -Диаспора" мегӯяд: "Ин ҳолати фоҷеъабор натиҷаи сиёсати иштибоҳии муҳоҷиратии мақомоти феълии Тоҷикистон ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия мебошад. Ман дар ин фоҷеъа мақомоти Русияро ҳам масъул медонам, зеро вагонҳо ва кӯлбаҳое ҳам ки оташ гирифтанд ва муҷиби ҳалокати одамон гардиданд, дар Русия воқеъ ҳастанд. Онҳоро корфармоёни Русия ба муҳоҷирони корӣ ба ивази пули зиёд ба иҷора додаанд, вале бидуни таъмини амнияти онҳо."

Коршиноси мустақил Ҳокимшоҳ Муҳаббатов ҳам вуқӯъи фоҷеъаро ба беҳуқуқии муҳоҷироон дар Русия рабт медиҳад. Боғшоҳи Лашкарбек, раиси итиҳодияи "Нур", созмони дигари тоҷикони пойтахти Русия мегуяд, тоҷиконро дар шаби сармо пулис ва корфармоён барои пардапӯш кардани гуноҳҳои худ рондаанд. Ҳамзамон ҳарсе ҳамсӯҳбати мо сармои шадиди шабонарӯзҳои ахири Маскав, истифодаи ғайримуҷоз аз асбоби барқӣ ва беэҳтиётӣ ва эҳтимоли оташзании амдиро аз дигар сабабҳои эҳтимолии ҳалокати 16 шаҳрванди Тоҷикистон дар оташсӯзиҳои Русия донистанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ дар Маскав хабар дод, сафорат аз ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳодисаҳои оташсӯзӣ огоҳ аст, вале таҳқиқи масъаларо ҳанӯз ба анҷом нарасонидааст.
XS
SM
MD
LG