Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон


нс

Дар як задухӯрди мусаллаҳона дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ду қочоқбари маводи мухаддир ба ҳудуди Афғонистон фирор карда, як қочоқбар боздошт шуд. Ин нахустин амалиёти муштараки Бунгоҳи мубориза бо гардиши маводи мухаддир ва Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон дар соли равон аст, ки дар натиҷаи он миқдори зиёди ҳероин мусодира гашт. Қочоқбари боздоштшуда сокини 20-солаи музофоти Тахори Афғонистон аст, ки бо худ 72 банди ҳероин баробар ба 70 килограмм дошт. Дар соли ҷорӣ аз сӯйи кормандони Бунгоҳи мубориза бо гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон 11 кӯшиши қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ ва дар пайи он, беш аз 150 килограм ҳероин мусодира шудааст. Сарҳадбонони Тоҷикистон баъд аз хуруҷи комили нирӯҳои марзбонии Русия аз ин сарҳад дар боздошти қочоқбарони маводи мухаддир дар хатти аввали ҷабҳа қарор гирифтаанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG