Пайвандҳои дастрасӣ

Футбол, боз футбол


Дастаҳои футболи «Қазоқон -1» ва «Гумрук» дар мусобиқоти анъанавӣ барои дарёфти ҷоизаи ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе», ки дар варзишгоҳи Донишкадаи варзиши пойтахти Тоҷикистон ҷараён дорад, мақоми аввалро ишғол мекунанд. Дастаи «Қазоқон-1» пас аз чаҳор пирӯзӣ бозии навбатиашро бо тими «Бонки миллӣ» бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом дод ва бо 13 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи «А» қарор гирифт. Дар ин гурӯҳ дастаи «Энергосбит» бо 10 имтиёз дар ҷойи дувум аст. Ин даста дар даври гузашта бар тими «Ромис-Испечак» бо натиҷаи 6 бар 1 ғалаба кард.

Дастаи «Гумрук» - пешсафи гурӯҳи «Б» дар чаҳорумин дидори худ бар тими «Тайга» бо натиҷаи 3 бар 1 пирӯз шуд. «Гумрук» 10 имтиёз ба даст овардааст. Дастаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон низ 10 имтиёз дорад ва аз рӯи таносуби тӯбҳо дар мақоми дувум қарор гирифтааст. Ин даста низ дар чаҳорумин бозии худ тими Донишгоҳи миллии давлатии Тоҷикистонро бо натиҷаи 4 бар 3 шикаст дод. Даври навбатии мусобиқа рӯзҳои 11 ва 12 феврал баргузор хоҳад шуд.

Ва боз як хабари дигар барои мухлисони футбол ин аст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷадвали мусобиқоти анъанавӣ барои дарёфти ҷоизаи хотираи Рустам Долтабоев, яке аз поягузорони футболи тоҷикро тасдиқ кард. Бино ба иттилои Мирзо Муҳаммадҷонов, ноиби раиси ин федератсия давраи аввали мусобиқоти мазкур дар се минтақа: Душанбе, Суғд ва Хатлон аз 18 феврал то 1 март доир мешавад. Вай гуфт, ҳашт дастаи беҳтарини мусобиқоти минтақавӣ, аз ҷумла чаҳор дастаи беҳтарини шаҳру навоҳии тобеи марказ аз минтақаи Душанбе ва чаҳор дастаи беҳтарин аз манотиқи Суғду Хатлон барои ширкат дар давраи ниҳоӣ, ки аз 3 то 12 март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
XS
SM
MD
LG