Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти пулис алайҳи муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Долгопруднийи вилояти Маскав


Дар ҳоле ки шиддати сармо дар Маскав беш аз 30 дараҷа аст, пулиси шаҳри Долгопруднийи вилояти Маскав шаби сешанбе ба чоршанбе як шумори бузурги муҳоҷирони тоҷикро, бо шумули занону кӯдакон аз манзилҳояшон ба ҷабр берун кашидааст, ки дар пайи он даҳҳо нафарро сармо задааст. Ҳокимҷон Сайфидинов, яке аз онҳое ки шаб дар кӯча ҷафои сарморо таҳаммул кардааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Маскав хабар дод, ки соъатҳои 10 шаб нафарони ОМОН, пулиси таъиноти махсус ба хонааш зада даромаданд: "Ҳамаи моро, ки 22 нафар будем, дар кӯча андохтанд ва дарро бастанд." Ба гуфтаи Ҳокимҷон, пулис ба ҳангоми хориҷ кардан одамонро таҳти латукӯб ва дашном қарор додааст.

Сарнавишти муҳоҷироне, ки шабро дар сармо рӯз кардаанд ва роҳи халосӣ аз ин мушкилро намедонанд, муҷиби нигаронии иттиҳодияи иҷтимоъии тоҷикони муқими Маскав бо номи "Тоҷик - Диаспора" гардидааст. Раёсати иттиҳодия бо интишори як хитоба аз мақомоти Русия ва Тоҷикистон хостори ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳри Долгопрудний шудааст. Раиси иттиҳодия Кароматуллоҳ Шарифов, ки аз ҷои ҳодиса дидан ва бо оворагон сӯҳбат кардааст, мегӯяд, аксари онҳое, ки аз сӯи пулис дар шаби сардӣ зимистон ба кӯча ронда шуданд, дӯстон ва пайвандони 12 нафар муҳоҷирони тоҷик ҳастанд, ки шабҳои 3 ва 6 феврал дар оташ сӯхтаанд, вале пулис ба ҷои ҳамдардӣ онҳоро бо ҷурми муҳоҷири ғайриқонунӣ будан аз сарпаноҳҳои муфлисонаашон дар шаби сармои шаддид ба болои тӯдаҳои барф партофтааст.

Дар ҳамин ҳол, идораи марказии пулиси вилояти Маскав аз сӯҳбат дар ин замина худдорӣ кард. Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, намоядаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия, сафорат аз мушкили муҳоҷирон огоҳ аст ва мудири бахши консулгарии сафорат барои омӯхтани вазъи муҳоҷирони бесарпаноҳ ва мулоқот бо мақомоти шаҳри Долгопрудний ба минтақа сафар кардааст.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG