Пайвандҳои дастрасӣ

Фардои варзиши кишвар


Коргардони барнома -- Салими Аюбзод "Бояд ҳама корро кард, ки варзиш дар Тоҷикистон ба байнулмилал барояд. Ҳукумат бояд фаҳмад, ки варзиш метавонад ба кишвар обрӯи ҷаҳонӣ орад, Тоҷикистону тоҷиконро номдор кунад. Барои ин бояд ба соҳаи муҳим сармоягузорӣ кард." Ҷовидон

ТУРИН Ё ТОРИНО?

Номи шаҳри итолиёӣ, ки мизбони бозиҳои зимистонаи олимпист, дар миёни расонаҳои ғарбӣ баҳсеро ба миён овардааст, ки онро Турин гӯянд ё Торино. Аксари расонаҳои инглисӣ Турин мегӯянд, вале шабакаи телевизионии ЭнБиСи (NBC) ба Торино бартарӣ медиҳад. Раиси кумитаи ташкилии бозиҳои олимпӣ Валентино Кастелланӣ гуфт, аз солҳо пеш бо ин шабака маслиҳат шудааст, ки бо ин роҳ ба бозиҳои олимпӣ ҳуввияти итолиёӣ дода шавад. Аммо расонаҳои инглисизабон мегӯянд, барои як шаҳр шуда, забони ингилисиро хароб намекунанд. Турин сад сол пеш ҳам Турин буд ва Турин хоҳад монд. Кастелланӣ ҷавоб медиҳад, агар касе Турин мегӯяд, вай хафа намешавад, ҳарчанд мехоҳад, пас аз ин бозиҳои ҷаҳонӣ, мардум бештар ба Торино одат кунад. Аммо баҳси мо, албатта, сари он нест, ки Алихӯҷа аз Хӯҷаалӣ чӣ фарқ дорад, ҳарчанд фарқ дорад, фарқи зиёд дорад, монанди он ки мардуми ҷаҳон Хисор бигӯяд ё Гиссар.

ЯК ТОҶИК ДАР ТУРИН, ОН ҲАМ...

Бозиҳои олимпии Туринро якуним миллион нафар дар варзишгоҳҳо ва 2 миллиард нафар ба воситаи телевизиону интернет тамошо хоҳанд кард. Дар онҳо ду ним ҳазор варзишгар аз 85 кишвари ҷаҳон барои тақсими наздик ба сад ҷоиза бо ҳам сабқат хоҳанд намуд. Аз Тоҷикистон ҳамагӣ як нафар дар ин бозиҳо иштирок мекунад ва чандин нафар пурсидаанд, чаро танҳо 1 нафар. Саволи ҳамнафасони арҷмандро ман ба шореҳи варзиши радиои Озодӣ, Нарзуллоҳи Латиф расондам. Вай гуфт, "аввалан ин ба намудҳои варзиши зимистона бастагӣ дорад, ки дар Тоҷикистон чандон ривоҷ наёфтаанд, ба истиснои лижаронии кӯҳӣ, ки ҳанӯз дар аҳли шӯравӣ дар Тоҷикистон пойгоҳи тамринии Сафедорак бунёд шуда буд. Танҳо чор сол пеш бо кӯшиши собиқ раиси Кумитаи олимпии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев ин пойгоҳ дубора фаъол шуд, аммо варзишгари тоҷике, ки меъёрҳои олимпиро ба ҷо оварда бошад, ҳанӯз нест ва биноан аз Русия Андрей Дригин даъват шуда, ба ӯ шаҳрвандии Тоҷикистон дода шуд ва вай дар сабқати Турин аз номи Тоҷикистон ширкат мекунад."

ВАРЗИШ ВА ТАРБИЯИ БАДАН

Аввал бубинем, мардум дар Тоҷикистон ба варзиш ва тарбияи бадан чи назар дорад. Ҳамнафаси инлаҳзаҳои мо, Нилуфари Собир мавзӯъро аз раҳгузарон дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе пурсид ва посухҳо ингуна буданд:
"- Варзишро дӯст медорам, бо гӯштин машғулам. Пештар ҳафтае се бор ба машқ мерафтам, ҳоло вақт нест.
- На. Варзиш намекунам. Намедонам чаро.
- Варзиш ба ман маъқул аст, аммо вақташро надорам.
- Ман дар хона бо ҳалқа варзиш мекунам, ки тарҳи баданам зебо бошад.
- Варзиш ин зебоӣ ва саломатист. Ман ҷавононро тарғиб мекунам, ки бо варзиш ва тарбияи бадан машғул шаванд.
- На. Хоб беҳтар аст. Ман бояд хобамро гирам.
- Ман муаллими табрияи ҷисмонӣ будам, маошаш камӣ кард, бас кардам. Ҳоло аз саҳар то шаб дар бозорам, варзиш чӣ хел мекунӣ?!"

Варзиш аз нигоҳи мардум ва аз нигоҳи баъзе варзишгарон, ки тасодуфан дар хиёбони марказии пойтахт бо ҳамкори мо рӯбарӯ шуданд. Онки таваҷҷӯҳи мардум ба варзиш зиёд аст, яке аз дастовардҳои давраи шӯравӣ мебошад, ки ҳама дар мактаб бо тарбияи бадан машғул мешуданд ва ҳам машқ дар толорҳои варзиш бепул ва барои ҳама дастрас буд. Албатта, ба гуфтаи профессори таърих дар Донишгоҳи Хуҷанд, Назирҷон Турсунов, шавқи варзиш дар тоҷикон решаҳои қадимӣ дорад ва тоҷикон худро аз ихтироъгарони чавгонбозию шоҳмот ва дигар анвои варзиши ҷисмонию равонӣ медонанд. Онгуна ки қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар камонварӣ Зебуннисои Рустам мегӯяд, "ишқи варзиш дар хуни ҳар тоҷик ҳаст ва ин як хислати таърихист." Ва иди Наврӯз бидуни сабқати паҳлавонону аспсаворон ид ҳам шумурда намешуд. Аммо ширкаткунандагони баҳс дар сомонаи интернетии радиои озодӣ мегӯянд, имрӯз варзиш дар Тоҷикистон дастовардҳои чашмрас ва ҷойи ифтихор надорад. Чаро? Мепурсам аз шореҳи варзиш Назруллоҳи Латиф ва ӯ мегӯяд: "Сармоягузории давлат ба варзиш бисёр ночиз аст. Барои офаридани як қаҳрамони олимпӣ 4 миллион доллар ва 10 сол вақт даркор аст. Тоҷикистон чунин имкониятро надорад."

РИШТАИ БЕПАРАСТОР

Ҳамнафаси ин лаҳзаҳои мо Раҳматкарими Давлат аз масъулони варзиш ва тарбияи бадан, сарони федерасюнҳои варзишӣ пурсид, оё бо ҳалли кадом масъалаҳо соҳаи варзиш дар кишвар метавонад, рушд кунад. Дар посух на танҳо масъалаҳо, балки роҳи ҳалли онҳоро низ баён карданд. Онҳо аз кaмбуди маблағгузорӣ ба варзиш шиква карданд ва гуфтанд, бояд сармоягузорӣ аз буҷа зиёд шавад ва ба соҳибкороне, ки аз ҳисоби худ ба варзиш дар Тоҷикистон мадад мерасонанд, аз лиҳози андоз сабукиҳо дода шаванд. Айни чизро ширкаткунандагони баҳси "Варзиш дар Тоҷикистон" дар майдони баҳси сомонаи интернетӣ зикр кардаанд, вале оё зарурати чунин сармоягузорӣ ба варзиш аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон дарк карда мешавад, оё беҳбуде ба назар мерасад? Ҳамнафаси мо Назруллоҳи Латиф мегӯяд, пуштибонии молии ҳукумат аз варзиши ҳирфаӣ дар Тоҷикистон сол ба сол зиёд мешавад, вале ин кофӣ нест ва бояд аз сармоягузориҳои хусусӣ ва мадади соҳибкорон дар баробари коҳиши андоз аз даромади онҳо истифода ба амал ояд.

ДАР ТОЛОРҲО...

Ҳамнафаси дигари мо Абдураҳими Умарзод барои таҷриба ба чанд толори варзиш ва тарбияи бадан дар шаҳри Душанбе рафт ва мегӯяд, бо вуҷуди вазъи начандон хуби ин амокин ва камбуди лавозимоти варзиш, ҷавонони зиёде дар онҳо машқ мекунанд. Ба сифати охирасухани аввал аз як раҳгузар дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе мехоҳад, ҳукумати Тоҷикистон ба варзиш ва тарбияи бадан на сатҳӣ ва танҳо бо қабули Барномаи рушди сарзиши Тоҷикистон амал кунад, балки шароити зарурии шуғли мардумро бо варзиш таъмин намояд. Барои ин бояд фишори рӯзгор ба мардум ба андозае коҳиш ёбад, ки онҳо тавонанд, бо варзиш ва тарбияи бадан машғул шаванд. Ва охирсухани дуюм аз мураббии овозадори варзиш Зебуннисои Рустам, ки гуфт, бовар дорад, варзиш дар Тоҷикистон рушд хоҳад кард ва на як бору ду бор дар толору майдонҳои ҷаҳон парчами Тоҷикистон барафрошта шудаву суруди миллии тоҷикон садо хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG