Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори сафири Русия бо донишҷӯёни тоҷик


Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар шаҳри Душанбе зимни мулоқот бо донишҷӯёни макотиби олӣ гуфт, муносиботи Русия ва Тоҷикистон қавитар аз равобити Эрон бо Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи оқои Абдулатифов, рушди иқтисодиву иҷтимоии ин ду кишвар бидуни тавофуқ берун аз имкон аст. Вай гуфт, бо ин вуҷуд, ки Тоҷикистон ва Русия давлатҳои мустақил ва соҳибихтиёранд, мушкилоти якгуна доранд ва ба ин ё он тарз ба умури дохилии якдигар дахолат мекунанд. Сафири Русия дар мавриди иддаои аҳзоби мухолифи Тоҷикистон, ки аз ӯ тақозо кардаанд, ба умури дохилии Тоҷикистон халал ворид накунад, гуфт, Русия барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон манфиатдор аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад ба вазъи сиёсии ин кишвар дахолат кунад. Ӯ гуфт, «Баъзе ҳизбҳои сиёсие, ки дар дохили Тоҷикистон кореро наметавонанд, анҷом диҳанд, ҳатман, мушкили муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро баҳона пеш меоранд. Чаро худи аҳзоби сиёсӣ ягон барномаи мушаххасеро оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар хориҷи кишвар таҳия ва ба мо пешниҳод намекунанд? Ҳизбҳои сиёсӣ набояд ин мушкилро хислати сиёсӣ диҳанд ва ҳамчун «дастак» истифода кунанд. Дар Русия вазъи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик беҳбуд ёфтааст ва мо барои дифоъ аз ҳуқуқи онҳо талошҳои зиёд дорем. Масалан, дар вилояти Свердловски Русия як корхонаи азими саноатӣ пурра ба ихтиёри тоҷикон вогузор шудааст ва ҳамакнун ба мушоҳада мерасад, ки ин муассаса ба як корхонаи пешрави минтақа табдил ёфтааст.»
Ба гуфтаи Рамазон Абдулатифов, танҳо дар соли гузашта 3.000 шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрвандии Русия пазируфта шудаанд, тайи 15 соли ахир ин теъдод ба 100.000 нафар расидааст. Ин афрод ҳамзамон ҳаққи шаҳрванди Тоҷикистон будан ҳам доранд. Дар ҳафт музофоти Русия намояндагиҳои вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон таъсис шудааст. Сафири Русия гуфт, ки ҳамакнун пас аз имзои як Созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, тамоми муҳоҷирони кории тоҷик зери ҳимояи давлати Русия қарор мегиранд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG