Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари тими Тоҷикистон ба Турин


ТУРИН-2006. Ҳайати варзишии Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои бистуми зимистонаи олимпӣ дар Турин рӯзи чоршанбеи 8 феврал озими Италия шуд. Ба ин ҳайат, намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ширкатҳои «Вавилон Мобайл» ва «РУСАЛ»-и Русия - сарпарастони дастаи Тоҷикистон дохиланд. Бино ба иттилои Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ягона варзишгаре, ки ин кишварро дар Олимпиадаи Турин намояндагӣ мекунад, лижарон Андрей Дригин мебошад. Вай афзуд: «Андрей Дригин сокини вилояти Красноярски Русия буда, бо даъвати Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дувумин бор аст, ки шарафи кишвари моро дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар риштаи лижаронии кӯҳӣ ҳимоя мекунад. Вай дар се навъи рақобатҳо, ки рӯзҳои 12, 18 ва 20 феврал доир мешавад, ширкат меварзад. Дар айни ҳол ӯ дар шаҳраки олимпии Сестриер ба сар мебарад ва ба сабқати олимпии лижаронҳо омодагӣ мегирад. »

Ба гуфтаи Фарид Солеҳов дар Олимпиадаи Турин, ки рӯзи ҷумъаи 10 феврал оғоз мешавад, ҳамчунин лижарони тоҷик Абдуғаффор Шарифов ба ҳайси коромӯз ширкат меварзад.

ФУТБОЛ. Дастаи CSKA-и Душанбе барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми президенти Туркманистон рӯзи 8 феврал ба шаҳри Ишқобод сафар кард. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки дувоздаҳумин бор баргузор мешавад, беҳтарин дастаҳои футболи Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон аз 11 то 19 феврал рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG