Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Кист дар бомаки ларзонаки ман?!»


Боми мактаби навбатии ҷадид, ки дар чаҳорчӯбаи омодагиҳо ба ҷашни 2.700 солагии Кӯлоб дар ин шаҳр бунёд ёфт, фурӯ рафт. Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ - сухангӯи раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, дар тӯли ду соли ахир дар Кӯлоб 3 мактаби ҷадид бунёд гардид, ки усулан ҳамаи онҳо бо айби бинокорон тармимталаб шудаанд. Оқои Фаррухшоҳ гуфт, то ин замон, бому фарши мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии рақами 50 ва 51 низ фурӯ рафта буд:

«Рости гап, мактабҳои қаблан ифтитоҳ ёфта, низ осеб дидаанд ва ҳукумати шаҳр ба хулосае омад, ки танҳо пас аз таъмири ҷиддӣ ин муассисотро қабул кунад.»

Волидайн мегӯянд, кӯдакони онҳо ба мактабҳои нав ба дарс намераванд ва метарсанд, ки сари онҳо хиштпораҳо фурӯ мерезанд. Ва аммо Ҳасан Валиев - сармутахассиси шӯъбаи маорифи ҳукумати шаҳри Кӯлоб мегӯяд, садама дар боми мактаби ҷадид бо иллати худи муҳассилин ба вуқӯъ пайваст:

«Онҳо лӯлаи обро кушода мондаанд ва об ҷамъ шудааст ва шифти ошёнаи аввал зарар дидааст.»

Дар маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои ситоди ҷашнвораи 2.700 солагии шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки эъмори 7 мактаб то рӯзи ҷашн дар назар аст. Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб мегӯяд, аз ин теъдод бинои ду мактаби ҷадид тақрибан анҷом ёфт ва то сентябри соли ҷорӣ боз ду мактаби дигар мавриди истифода қарор мегиранд. Ҳасан Валиев, сармутахассиси маорифи шаҳри Кӯлоб ба радиои Озодӣ гуфт, бар тибқи лоиҳаи рушди макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ беш аз 40 мактаб дар мавзеъ бояд то соли 2010 тармим бинад ва таҷдиди таҷҳизоти техникӣ дар ин макотиб низ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG