Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбониҳои нави тарма дар Тоҷикистон


Се сокини маҳаллаи Қувваки Хоруғ, ки дар чарогоҳи зимистона машғули чаронидани чорво буданд, ҳамроҳ бо чорво зери тарма монданд. Мунаввар Мирзомустақимов - корманди ситоди ҳолатҳои изтирории вилоят гуфт, пас аз як рӯзи ҷустуҷӯ ҷасади ҳар се нафарро аз зери тарма берун оварданд: "Мирзо, Оқил, Аҳмад Раҳмоновҳо - ҳамаашон аз як оила се рӯз пеш ба чарогоҳ баромаданд. Баъди як ҳафта бояд ба хона бармегаштанд, лекин барнагаштанд. Хешовандонашон ба мо занг заданд. Ба кӯҳдоман гурӯҳи фаврӣ роҳӣ кардем. Баъди як соат ба кӯмаки кормандони мо наздики сад нафар сокинони маҳал омаданд ва ҷасади одамонро аз зери тарма берун овардем."
Аз ибтидои фасли сармо тарма ҷони 12 нафарро дар вилояти Бадахшон рабуда, 28 манзили зистро хароб кардааст. Навбатдори ситоди изтирории вилоят Мунаввар Мирзомустақимов ҳамчунин гуфт, роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ, ки бар асари фаромадани тарма ва лағзиши кӯҳпора масдуд буд, аз нав боз шудааст.
Файзи Мирҳасан, Хоруғ
XS
SM
MD
LG