Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 12 шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Маскав


Тайи ҳафт рӯзи ахир дар пайи ду оташсӯзӣ дар вилояти Маскави Русия 12 нафар муҳоҷирони кори Тоҷикистон бо шумули як кӯдаки 12-сола ҷони худро аз даст додаанд ва як тани дигар дар бемористон таҳти табобат қарор дорад.

Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳардуи ин оташсӯзӣ дар минтақаи анбори меваҷоти шаҳри Долгопруди вилояти Маскав рух додааст: "Сеюми феврали соли равон дар ноҳияи Долгопруднийи вилояти Маскав се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон - сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Фароғат Давронова, писари 12-солаи вай Абдуазиз Давронов ва Сайёра Эргашева дар натиҷаи сӯхтори хонаи чӯбин ба ҳалокат расиданд. Ҳамин гуна ҳодиса шаби 5 ба 6-уми феврал дар минтақаи Хлебниковои ноҳияи Дорлгопрудний рух дод. Дар ин сӯхтор дар вагон, зодагони ноҳияи Ваҳдат ва зодагони водии Ҳисор ҳалок шудаанд. "

Дар ҳамин ҳол намояндаи додситонии вилояти Маскав Елена Рассохина дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба оташсӯзӣ, дар шаҳри Дологпрудний, ки мӯҷиби ҳалокати одамон шудааст, бо қазияи муносибати беэҳтиётона ба оташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, вале ҳанӯз ҳуввияти кушташудагон мушаххас нашудааст.

Дар мухолифат бо фикри додситонии вилояти Маскав намояндаи Иттиҳодияи иҷтимоъии тоҷикони муқими Маскав Умар Юнусов, ки аз ҷойи ҳодиса дидан кардааст, мегӯяд: "Иллати ҳалокати одамон беэҳтиётӣ ба оташ нест. Иллат ин аст, ки корфармоёни анбори меваҷот барои пинҳон нигоҳ доштани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз пулис дарҳои вагонҳоро шабона за берун қуфл мезананд ва дар ҳоли зарурат аз вагонҳо берун рафтан имкон надорад."

Ба гуфтаи Умар Юнусов, дар шаҳру вилояти Маскав беш аз 120 ҳазор муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба сар мебаранд ва бахши аъзами онҳо ба далели надоштани имкони буду боши ҳуқуқии кору зиндагӣ дар маконҳои хатарнок ва аз чашми пулис дур паноҳ мебаранд, ки дар аксари мавридҳо сабаби беморӣ ва ё марги онҳо мешавад.
XS
SM
MD
LG