Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагии нав бо симои нав


Рӯзи душанбе зани фаронсавӣ Изабел Динуағ - нахустин шахсе, ки ҷарроҳии трансплантатсияи рӯйро паси сар кардааст, якҷо бо гурӯҳи табибон бо хабарнигорон мулоқот намуд. Дар нишасти хабарӣ, ки ба таври мустақим тавассути телевизионҳои чандин кишвар намоиш дода шуд, Изабели 38-сола гуфт, ки баъди нӯҳ ҳафтаи ҷарроҳӣ ҳоло вазъаш хуб аст ва умед дорад, ки зиндагии навро шурӯъ кунад ва ҳатто ба кор баргардад:

"Баъди ҷарроҳӣ акнун ман ҳам мисли дигарон рӯй дорам. Ман даҳони худро боз карда метавонам, ман хӯрок хӯрда метавонам, ман лабҳоямро, бинӣ ва даҳонамро ҳис мекунам."

Моҳи май рӯи Изабелро сагаш газида буд ва ӯ аз лаб, бинӣ ва тамоми қисмати поёнии рӯй маҳрум шуд. Изабел он ҳодисаро ба ёд овард: "Вақте ба ҳуш омадам, ман хостам сигарет кашам, вале намефаҳмидам, ки чаро сигарет дар даҳонам намеистад. Баъди ин ман дар пеши худ ҳавзи хун ва дар назди он сагамро дидам. Ман як ойина пайдо кардам ва ба он чизе, ки дар ойина дидам, боварам намеомад."

Дар амалиёти бесобиқа ҷарроҳони фаронсавӣ ба Изабел лабу бинӣ ва ҷоғи зани дигареро, ки майнаи сараш мурда буд, пайваст карданд. Дар рӯи Изабел ҳоло пайи ҷарроҳӣ дида мешавад ва лабҳои ӯ зоҳиран ба осонӣ пӯшида намешаванд, вале куллан намуди рӯи вай маъмулӣ аст. Зимни суханронӣ дар нишасти хабарӣ ӯ боре об нӯшид, ва маълум мешуд, ки лабҳояш мушкилот надоранд.

Амали ҷарроҳии Изабел 27-уми ноябри соли 2005 дар бемористони Амиенси шаҳри Лион бо ширкати ҷарроҳони ботаҷрибаи Фаронса 15 соат идома дошт. Ин ҷарроҳии мушкил буд, зеро табибон бояд на танҳо гӯшту мушак, балки торҳои асаб ва рагҳои хунгузарро низ пайваст мекарданд. Мушкили дигар ҷиҳати равонии масъала буд. Зеро дар ин амали ҷарроҳӣ бемор бояд симои шахси дигарро қабул кунад.

Ҳамчунин ҳар лаҳза хатари он вуҷуд дошт, ки сохтори худдифоъ, яъне имунитети бадани Изабел узви бадани бегонаро рад кунад. Барои пешгирӣ аз ин мушкилот духтурон ба Изабел доруҳои махсус медиҳанд. Баъди ҷарроҳӣ низ Изабел як муддат дар бемористон боқӣ мемонад. Табибон мегӯянд, ки ӯ вақти худро ба бофтан ва машқ дар велосипеди варзишӣ мегузаронад ва сигор ҳам мекашад.

Нахустин трансплантатсияи рӯй роҳро ба амалиёти бештар дар ин соҳа боз намуд. Табибон мегӯянд, ки ҳоло чанд бемори дигар дар навбати ҷарроҳӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG