Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳифзи анъанаҳои мардумони Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк


Ню-Йорк Никола Крастев Баъди аз ҳам пошидани Иттиҳоди Шӯравии собиқ ҳазорон яҳудиёни Осиёи Марказӣ, ки ҳамчун яҳудиёни бухороӣ шинохта мешаванд, ба Рего Парки Куин яке аз шаҳракҳои Йю-Йокр муҳоҷират карданд. Онҳо ҳамроҳи худ ба ин ҷо фарҳанги таҳияи ғизоро оварданд, ки тӯли қарнҳо бо фарҳанги таҳияи ғизо мардуми кишварҳои Шоҳроҳи Абрешим омехта шудааст. Тибқи ҳисобҳо аз соли 1991 ба ин сӯ ҳудуди 40 ҳазор яҳудиёни бухороӣ аксаран аз Тоҷикистону Ӯзбакистон ва камтар аз Қирғизистон ба Ню-Йорк муҳоҷир шудаанд. Дар Рего Парк, ки яке аз кӯчаҳоро "Хиёбони Бухороиҳо" ва ё "Регостан" меноманд. Ин хиёбони ҳозиразамон дорои фурӯшгоҳҳои маводи ғизоӣ ва тарабхонаҳо аст, ки дар он ғизоҳои суннатии тоҷикӣ ва узбакӣ мувофиқи муқаррароти таҳияи ғизоҳои яҳудӣ (кошер) омода мешаванд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Ню-Йорк Никола Крастев ба иддае аз он ресторанҳо рафт, ғизоҳои онҳоро чашид.

Дар Амрико пайваста ин ибораро метавон шунид, ки дар ин ҷо "наҳори бепул"-ро наметавон пайдо кард. Яъне ҳеҷ чизеро маҷҷонӣ намедиҳанд. Аммо соҳибони се тарабхонаи бухориён дар Рего Парк ба хабарнигори Радиои Озодӣ шарт гузоштанд, ки танҳо дар сурати наҳори бепул хӯрдан дар тарабхонаҳои онҳо ба ӯ мусоҳиба медиҳанд.

Борис Сиёнови 56-сола падари се духтари бузург соли 1990 аз Душанбе ба Ню-Йорк муҳоҷират кардааст. Баъди омадан ба ин шаҳр ҳар навъ кореро анҷом додааст ва дар ниҳоят бо кӯмаки яке аз дӯстонаш Борис соли 1995 тарабхонаеро бо номи "Салют" боз кардааст. Ҳангоми чой рехтан ба пиёла Борис гуфт, дар зодгоҳаш Тоҷикистон аввалҳо ҳеҷ камӣ надошт. Аммо нооромиҳои баъдӣ ва нокомии духтараш дар яке аз донишгоҳҳои кишвар, ӯро бидуни ришва қабул кардан нахостанд, оилаи Борисро маҷбур кардааст, ки бахти худро дар дигар ҷо биҷӯянд.

"Ман ва он дӯстам, ки дар ифтитоҳи тарабхона ба ман кӯмак кард, аз як хиёбони Душанбе будем. Ӯ маро ба ин кор кашид, вагарна ман то ҳол ронандаи Лимузин будам. Ӯ медонист, ки ман таҷрибаи таббохиро дорам. Ман ин ҳунарро дар синни 17-18-солагӣ медонистам ва имрӯз ин ҳунар ба ман лозим шуд ва бисёр хуб. Хушҳолам, ки кори худро пайдо кардам, худам хӯҷаини худам ҳастам ва барои каси дигар кор намекунам."

Тарабхонаи "Салют" миёни як кошонаи ҳусн ва ва баққолӣ ҷойгир аст ва тамоми навиштаҷоти он ба забони русӣ аст, ки яҳудиёни бухороии кишварҳои мухталифи Осиёи Марказӣ миёни ҳам бо он сӯҳбат мекунанд.
Агарчӣ пеш аз вақти таоми нимрӯзӣ тарабхона ором аст, аммо кор дар ошпазхонаи тарабхона дар авҷ аст. Ду ҳамроҳи Борис тандур кабоб таҳия мекунанд ва дар баробари ғизоҳои серравған ҳамчунин барои онҳое, ки аз афзоиши холестерин дар хунашон метарсанд, ғизоҳои камравғани яҳудӣ низ омода мешавад.

Муқаррароти кошер, ки як суннати диннии яҳудиён аст дар ин тарабхона ҳамеша иҷро мешавад ва раббии яҳудиён моҳе чанд бор тарабхонаро тафтиш мекунад, ки оё ин муқаррарот иҷро мешавад ва ё на.
Тарабхонаҳои бухороӣ дар Рего Парк ҳангоми расмии динии яҳудиён Саббат аз соати сеи рӯзи ҷумъа то соати 5 рӯзи шанбе низ баста мемонанд.

Борис Сиянов мегӯяд, мазҳаб барои хонаводаи аҳамияти зиёд дорад: "Духтари хурдии ман як каме мазҳабӣ аст, ӯ маро намегузорад, ки ягон муқаррароти диниро вайрон кунам. Ӯ мегӯяд, чизи асосӣ ин аст, ки мардум ба Худо эътимод доранд ва ба ту эътимод доранд ва барои ҳамин ба инҷо барои ғизо хӯрдан меоянд. Ӯ 17 сол дорад ва ҳар рӯз ба ман батакрор мегӯяд, ки муқаррароти мазҳабиро набояд вайрон кард. Аммо бе ин ҳам ҳамсари ман эътиқодманд буд ва расмиёти мазҳабиро ҳамеша риоя мекард."

Дар тарабхонаи "Салют" мизоҷон умдатан зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки ғизоҳои суннатии худро дӯст медоранд. Аммо яҳудиёни Эрон шумораи зиёди мизоҷони тарабхонаро ташкил медодаанд. Ба гуфтаи Борис Сиёнов, ғизоҳои эронӣ аз ғизоҳои мардуми Осиёи Марказӣ фарқияти зиёд надорад ва танҳо тафовут ин аст, ки эрониён навъи дигари биринҷро истеъмол мекунанд ва бештар аз мизоҷон аз Осиёи Марказӣ.

Миёнаҳои моҳи январ рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" доир ба тарабхонаҳои яҳудиён дар Рего Парк мақолае нашр кард, ки сабаби афзудани шумораи мизоҷони нав дар тарабхонаҳо шуд. Аз ҷумла дар тарабхонаи Белла Бобохонова, ки "Шалом" ном гирифтааст. Белла Бобохонова мегӯяд, мизоҷони нав ба қавли ӯ "амрикоиҳои воқеъӣ" ҳастанд, яъне бисйор хурдагирӣ намекунанд, мисле, ки мизоҷони доимӣ. Ва онҳо назар ба мизоҷони доимӣ саховатмандтар буда пули изофагӣ бештар медиҳанд.

Белла Бобохонова модари танҳои се нафар соли 1992 аз Бухоро ба Ню-Йорк омадааст ва пештар як кошонаи ҳусн доштааст. Ба гуфтаи хонум Бобохонова ду духтараш мухолифи таъсиси тарабхона будаанд:
"Онҳо кор дар тарабхонаро кори паст медонанд. Ба ту чӣ даркор аст, кор дар тарабхона, шӯҳрати ту аз кошонаи ҳусн аст, аммо ту ба тарабхона рафтӣ. Як духтарам табиби аъзои нотиқа мешавад ва дигарӣ табиби чашм аст. Онҳо пули бисёр зиёд кор мекунанд ва ба фикрам ҳеҷ гоҳ барои кор ба тарабхона намеоянд."

Толик, ки номи дурусташ Тӯхтасин будааст, аз Тошканд ба Ню-Йорк омадааст ва дар тарабхонаи "Шалом" кор мекунад. Толик ҳунари самбӯсапазӣ дорад ва дар танӯри воқеъӣ самбӯса мепазад. Ӯ нигарон аст, ки ҳунараш то замоне, ки ӯ зинда ҳаст мемонад ва баъд аз ӯ не:

"Дар шаҳри Тошканд низ дар тарабхона кор мекардам. Донишгоҳи кооперативии Самарқандро хатм кардам, касбам муҳандис- технолог аст. Ба Амрико омадам ва таомҳои миллии Узбакистонро нишон додам ва кор мекунем, то ки фарҳангу ғизои худро ба амрикоиҳо намоиш диҳем. Ҳар гуна ғизо таҳия ва ба онҳо пешкаш мекунем."

Толик дар як ҳафта шаш рӯз кор мекунад. Ӯ хушнуд аст, ки кори доимӣ пайдо кардааст ва худро хушбахт меҳисобад, аммо ёдаш ба пайваста ба се фарзанди бузургаш аст, ки дар Ӯзбакистон ҳастанд. Ва мегӯяд, кош метавонист, ки онҳоро ҳам назди худаш биёрад.
XS
SM
MD
LG