Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти размандаи собиқ ба 16 соли зиндон


Додгоҳи низомии Тоҷикистон рӯзи 7 феврал Тоҷиддин Абдураҳмонов, сокини ноҳияи Ҳисор ва як узви иттиҳоди собиқи мухолифини ҳукуматии феълии Тоҷикистонро бо ҳукми худ 16 сол зиндонӣ кард. Азиз Бӯриев, додраси парвандаи мазкур гуфт, Тоҷиддин Абдураҳмонов, ба куштор, таъсиси гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади ғасби ҳукумати қонунӣ, убури ғайриқонунии марз, нигаҳдории силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва чанд ҷинояти дигар гунаҳкор дониста мешавад.Ба гуфтаи оқои Бӯриев, Тоҷиддин Абдураҳмоновро, моҳи феврали соли 2003 бо иттиҳоми бо худ доштани шиносномаи тақаллубӣ дар Русия боздошт кардаанд.
Вай афзуд, аз болои Тоҷиддин Абдураҳмон ва як гурӯҳ ҳамтоёни ӯ, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Эрон таълим гирифта буданд ва алайҳи ҳукумат мубориза мебурданд, додситонии низомӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Вале баъди авфи размандагони нирӯҳои мухолифин дар соли 1997 идомаи парвандаи мазкур қатъ карда шуд.
Ба иттилои додгоҳи низомӣ, қаблан 35 нафар аъзои як гурӯҳи муташшакили ҷиноӣ, ки Тоҷиддин Абдураҳмонов низ шомили он будааст, бар асоси як парванда ва чанд нафари дигари ин гурӯҳи ҳудуди 100 нафарӣ тибқи парвандаҳои инфиродӣ ба мӯҳлатҳои мухталиф маҳкум шудаанд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG