Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду тилло дар Итолиё


ДЗЮДО. Расул Боқиев ва Неъматулло Арслонқулов, гуштигирони маъруфи тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба дзюдо дар шаҳри Милани Италия ду медали тилло ба даст оварданд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 7 феврал хабар дод. Вай гуфт, Неъматулло Арслонқулов дар рақобатҳои ниҳоӣ дар вазни беш аз 90 кило ва Расул Боқиев дар вазни то 73 кило бар рақибони худ дастболо шуданд. Ба гуфтаи Фарид Солеҳов ҳарду паҳлавони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми олии ҷаҳонии дзюдо,ки рӯзҳои 11 ва 12 феврал дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

ВАРЗИШИ САБУК. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии зимистонаи Осиё оид ба варзиши сабук, ки аз 8 то 16 феврал дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор мешавад, ширкат меварзад. Ба ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон варзишгарони маъруфи кишвар -- Аҷмал Амиров, Александр Базаев ва Фирдавс Азизов дохиланд.
XS
SM
MD
LG