Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи кушодаи сафорати ИМА


Ричард Ҳоугленд, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон бо як номаи кушода аз номи ҳукумати Амрико ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат карда нашри тасвирҳои карикатурии паёмбари Ислом, Муҳаммад (с)-ро дар бархе аз нашрияҳои аврупоӣ таҳқиромез ва ахлоқан нафратовар номид. Дар ин нома омадааст, ҳукумати ИМА эътироф менамояд, ки дар ҷомеаи озод мардум ҳаққи ибрози озодонаи андеша доранд ҳатто агар он иштибоҳӣ ва таҳқиромез бошад. Ва афроде, ки ба ин андеша розӣ нестанд, ҳақ доранд, онро маҳкум намоянд, вале ин норозигӣ ва маҳкумкунӣ бояд ба тариқи оромона ва осоишта сурат бигирад. Дар нома омадааст, Иёлоти Муттаҳида дар ин мавзӯъи ҳассос ва нозук ба гуфтугӯи созанда даъват менамояд. Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин аз куллияи мунаққидони нашри тасвирҳои карикатурии пайғамбари Ислом даъват дорад, ки онҳо садои худро ҳамчунин зидди ҳар гуна тасвирҳову мақолаҳову даъватҳои таҳқиромезу нафратангези зидди масеҳӣ ва зидди сомӣ дар олами араб баланд намоянд. Вақте сухан аз арзишҳои мазҳабӣ ва ақидавӣ меравад, дар ин бобат аз эҳтиром кор гирифтан хеле муҳим аст, омадааст дар номаи сафири Амрико дар Душанбе.
XS
SM
MD
LG