Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намоишҳои нави эътирозӣ дар кишварҳои мусалмонӣ


Эътирозҳо дар кишварҳои мусалмонӣ бар зидди нашри тасвири карикатурии паёмбари Ислом Муҳаммад (а) рӯзи душанбе ҳам идома дошт. Ин карикатураҳо, ки онҳоро тазоҳургарон куфргӯӣ меноманд, ибтидо дар рӯзномаи дониёии "Ҷиллендс Постен" ва сипас дар чандин расонаи дигари умдатан аврупоӣ ба нашр расид. Рӯзи 6 феврал намоишҳои эътирозӣ дар кишварҳои Ховари Миёна, дар Афғонистон, Эрон ва Ироқу Индонезӣ мушоҳида шуд. Намоишҳо дар шаҳри Меҳтарломи вилояти Лағмони Афғонистон ҳатто мунҷар ба ҳалокати 4 нафар мешавад. Тазоҳургарон ҳамин тавр дар Багрому Кобул ба намоиш хеста, дар Кобул сафоратхонаи Донмарку Бритониёву Фаронса ва дафтари СММ-ро сангборон кардаанд.
Дар Теҳрон ҳудуди 400 тазоҳургар бо шиорҳои "Аллоҳ Акбар" ва "Марг ба Амрико" ба сафоратхонаи Донмарк коктейлҳои Молотов партоб кардаанд. Издиҳом талош дошт, вориди сохтмони сафорат ҳам шавад, вале нирӯҳои пулис бо истифода аз гази ашковар ба ин кор монеъ шудаанд.
Амрико, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва дабири кулли СММ Куфӣ Анон эътирозҳои хушунатомези охири ҳафтаро, ки ба оташ задани сохтмони сафоратхонаҳои Донмарку Норвей дар Сурияву Лубнон мунҷар шуд, маҳкум кардаанд. Вазири дохилаи Бритониё Чарлз Кларк аз ҷумла ин хушунатҳоро ғайриқобилиқабул номид: "Ҳеҷ далел хушунатҳо алайҳи сафортахонаҳои аврупоӣ ва кишвари Донмаркро сафед карда наметавонад. Мо қобил ба дарки таҳқире ҳастем, ки тасвири карикатурии паёмбар ба бор овард, вале озодии баён низ бояд баробар бо ҳаққи дигарон, аз ҷумла баробар бо эътиқоди мазҳабӣ муроот шавад."
Амрико аз Арабистони Саудӣ даъват кард, нуфузаш дар ҷаҳони Арабро ба хотири оддӣ сохтани вазъи дар пайи нашри тасвири карикатурии паёмбари Ислом дар кишварҳои Ховари Миёна пешомада истифода кунад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Шон МакКормак гуфт, Саудия чунин тавонро дорад ва метавонад дар ин роҳ нақши муассир бозӣ кунад. Намояндаи Ватикан гуфт, ҳамаи ҷонибҳо масъуланд, ки вазъро дубора оддӣ созанд.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG