Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМ аз бӯҳрони эҳтимолӣ дар Осиёи Марказӣ ҳушдор медиҳад


Раиси Идораи миллии кашфи Иёлоти Муттаҳида Ҷон Негропонте ҳушдор дод, ки ҳукумати марказӣ дар як ё якчанд давлати Осиёи Марказӣ бар асари муборизаи қудрати кланҳо ё минтақаҳо метавонад аз байн равад. Дар гузориши худ ба Кумитаи кашфи Сенати Амрико Негропонте гуфт, аксари кишварҳои шӯравии собиқ аз тарафи доираҳои худхоҳ, гурӯҳбозу минтақаро ва ришватзада раҳбарӣ мешаванд, ки эътидоли сиёсӣ дар онҳо ба воситаи таъқибу фишорҳои гуногун ҳифз мешавад. Ба гуфтаи раиси Идораи миллии кашфи Амрико фурӯпошии ҳукумати марказӣ дар чунин кишварҳо метавонад, ба густариши терроризм ва фаъолиятҳои ҷинояткорона сабаб гардад.Ба назари ӯ, вазъ дар чунин кишвар метавонад ба Афғонистони давраи Толибон монанд шавад. Негропонте ба таври куллӣ сӯҳбат кард ва аз кишвари муайяни минтақа ном набурд. Осиёи Марказӣ аз давлатҳое чун Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иборат аст. Вай дар бораи Русия гуфт, президент Путин қудратро дар дасти худ тамаркуз медиҳад ва назоратро ба ҷомеаи шаҳрвандӣ қавӣ мекунад, дар ҳоле ки фишори давлат ва ришватзадагии васеъ иқтисодиётро асир кардаанд.
XS
SM
MD
LG