Пайвандҳои дастрасӣ

Сармои Русия ва муҳоҷирини кории тоҷик


Сармои шадиди Русия ба рузгори муҳоҷирини кории тоҷик низ таъсир гузоштааст ва зиндагии мушкили онҳоро мушкилтар кардааст. Дар рузҳои сармо кор дар бисёре аз бозорҳо ва сохтмонҳо мутавақиф шуд. Ҳатто кор ба ҷое расид, ки бархе аз муҳоирин маҷбур шуданд Русияро тарк кунанд. Муҳоҷирине низ ҳастанд, ки дар тули тамоми зимистон кори худро аз даст додаанд. Хушвахт Ҷамҳуров- муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон яке аз онҳост. Вай мегуяд, аз се моҳ ба ин су бекор аст ва наметавонад дар ҷои кори пешинааш кор кунад.

«Умрам ба 60 рафтааст. Акнун дигар қуввати кориам камтар шудааст. Аз раиси ҷумҳури мамлакати худам ва аз раҳбарони давлат хоҳиш дорам ки, барои ҳамин муҳоҷирон, ҳамин гурезаҳои тоҷик, ки дар ҳамин шаҳри Маскав ва дар дигар шаҳрҳои Руссия кор мекунанд, ёрии худашона берасонанд".

Бештари муҳоҷирони корӣ, ки дар бозорҳо кор мекунанд, дар таҳхонаҳои бозорҳо ва ё кулбаҳои чубин хурду хоб мекунанд, ки бо гармӣ ё барқ таъмин нестанд.
Ба гуфтаи Мавлуда Баротова-муҳоҷири дигари тоҷик , шумораи зиёди муҳоҷирон дар ин сармои шадид ба бемориҳои мухталиф гирифтор ҳастанд ва ба сабаби надоштани бимаи тиббӣ онҳо наметавонанд ба бемористонҳо муроҷеъа кунанд. Ба гуфтаи вай, тарзи иҷрои қарордоди имзо шудаи миёни ин ду кишвар то ҳол рушан нест, ё шояд мақомоти Русия намехоҳанд онро муроъот кунанд. Ба гуфтаи вай, пулиси Русия низ майли чандоне надорад, то ин қарордод иҷро шавад:

«Корти муҳҷират дорам, сабти иқомат ҳам дорам, вале пулиси Москав моро азоб медиҳад. Агар сабти иқомати ростӣ дошта бошӣ, пулис мегуяд, ин қалбакӣ аства бурда муҳоҷиронро азоб медиҳад. Бачаҳои бечораро бисёр азоб медиҳанд, ҳамин тоҷиконро бинанд тамом, дигар аз минибасҳо кашида мефуроранд, бачаҳои тоҷикро шатта мезананд, мебаранд дар мошинҳо мешинонанд ва ҳамаи кисаҳояшонро мекобанд ва ыамаи пулҳояшонро мегиранд. Дар пеши чашми ман чандин писарро ҳамин тавр карданд. Бачаҳои бечора дар бозор ароба мекашанд, бо як азоб кор мекунанд, ки барои хонаҳояшон пул бефиристанд, падару модарашонро таъмин кунанд. Аз раиси ҷумҳури худамон илтимос мекунам, ки бо Владимир Путин- раиси ҷумҳури Русия ин масъаларо ҳал кунанд, то ки мо ақалан 6 моҳ ё як сол омада дар Русия кор кунем, бо шиносномаи хориҷӣ, мисли кишварҳои Белорус ва Укроин барои мо иҷозат диҳанд, ки мо биёем кор кунем, то ки каме пул ба даст биорем ва баргардем равем назди фарзандонамон» .

Бино ба омори расмии давлати Русия, дар нахустин рузҳои сармои шадид ҳудуди 120 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 100-ҳо нафари дигар ба илати сармо дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд. Қурбониёни сармо аслан одамони бесарпаноҳ мебошандва дар миёни онҳо муҳоҷирини кории тоҷик нестанд.
XS
SM
MD
LG