Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвари Тоҷикистон аз кори милиса ситоиш кард


Тайи сенздаҳ соли ахир мақомоти вазорати дохилаи Тоҷикистон 180 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ва ҳудуди 800 аъзои ин гурӯҳҳоро ошкор ва боздошт кардаанд. Аз ин гурӯҳҳо беш аз 700 силоҳ мусодира гардид. Ин арқом рӯзи душанбе аз забони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар як нишаст дар Кохи Ваҳдат бахшида ба рӯзи милисаи тоҷик садо дод.
Сарвари Тоҷикистон ҳамчунин аз хатарҳо ба башарият, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, кочоқи маводи мухадир ва ҷинояткории муташаккил ёдовар шуд. Ба гуфтаи ӯ аз соли 1995 то имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон 86 ҷинояти марбут ба терроризм содир шудааст ва мақомоти ҳифзи тартибот 9 инфиҷор ва ду ҳодисаи тахрибкориро ба зудӣ фош ва гунаҳкоронро боздошт карданд. Ҳамчунин то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 300 аъзои Ҳизбуттаҳрир дастгир ва ба маҳкама кашида шудааст.
Эмомалӣ Раҳмонов саҳми кормандони милиса дар мубориза бо қочоқи маводи мухадирро низ тавсиф кард ва гуфт, ки онҳо соли гузашта дуву ним тонна маводи нашъадор ваё 45 дар сади ҳама маводи мухадираи дар Тоҷикистон мусодирашударо ошкор кардаанд.
Айни ҳол сарвари Тоҷикистон аз мушкилу камбудиҳои фаровон дар кори вазорати дохилаи кишвар ҳарф зад ва аз ҷумла "саҳлангориву хунукназарӣ дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ", "сифати пасти корҳои кофтукову тафтишотӣ", фаъолияти номуносиби бозрасии давлатии автомобилиро танқид кард.
Зимни суханронии худ Эмомалӣ Раҳмонов ба узвияти Интерпол ваё Пулиси байналмилалӣ пазируфта шудани Тоҷикистонро чун як падидаи нек арзёбӣ намуд.
Дар поёни нишаст ба гурӯҳи бузурги кормандони вазорати дохила нишонҳои Спитамен, Ҷасорат, унвонҳои низомии нав ва ҷоизаҳои дигар супурда шуд.
XS
SM
MD
LG