Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳсил бо шиками гурусна ва дар синфхонаи сард


Нигораи 12-соларо шароити оилавияшон маҷбур сохтааст, ки баъд аз ду соли таҳсил дар мактаб рӯ ба бозорнишинӣ орад. Ҳарчанд Нигора ба хубӣ дарк мекунад, ки бозорнишинӣ ба ояндаи ӯ латма мезанад, вале дигар ба мактаб баргаштанӣ нест, зеро ҳамсолони ӯ аллакай дар синфи 6 мехонанду барои ӯ дар қатори синфҳои якум хондан шармовар аст.

«Аз сабаби он ки падару модарам аз ҳам ҷудо шуданд, ман мактабро тарк кардам. Ҳозир дар бозор кор мекунам. Ҳар ҳарферо, ки нашиносам аз модарам мепурсаму ӯ ба ман мефаҳмонад. Мехоҳам, ки хонам, лекин намешавад он ҳамсолонам ки хондану навиштан метавонанд, ман мисли онҳо наметавонам.»

Бино ба иттилои Вазорати маорифи кишвар, айни ҳол дар Тоҷикистон ҳудуди 3 ҳазор кӯдак аз ҷараёни таълиму тарбия дур мондаанд, ки 833 нафари онҳо кӯдакони аз 7 то 11 солаанд. Гуфта мешавад, аксари чунин кӯдакон писаронанд. Мувофиқи низомномаи мактаби таҳсилоти умумӣ вазорати маорифи кишвар таълим дар мактабҳо аз 3 зина иборат аст: ибтидоӣ, асосӣ ва маълумоти миёнаи умумӣ. Дар ҳоле, ки қонуни Тоҷикистон таҳсил то синфи 9 - ро ҳатмӣ мешуморад, теъдоди атфоле, ки ҳатто зинаи ибтидоии таҳсилро ба итмом нарасондаанд, зиёд аст. Коршиносон иллати асосии аз таҳсил дур шудани кӯдаконро дар фақру нодории оилаҳои онҳо медонанд. Бино ба пажӯҳиши ахири маркази Шарқ, ки дар миёни 200 кӯдаки коргари аз 10 то 18 сола анҷом шудааст, 37 дар сади онҳо комилан аз таҳсил дур буда, 68 дар сади дигар гоҳ гоҳ ба мактаб мераванд. Гуфта мешавад, аксари кулли ин кӯдакон бо сабаби вазъи ногувори иқтисодии хонавода рӯ ба бозори меҳнат ниҳодаанд. Дар ҳамин ҳол, модаре мегӯяд, ӯ ҳаргиз намехост фарзандонашро аз таҳсил дур кунад, аммо

«Аз дари синфхона даромадан баробар пули парда, пули печака, пули шиша биёр мегӯянд. О ман пуле намеёбам, ки кӯдаконамро хӯронаму ба муаллимҳо аз куҷо пул медиҳам. Барои ҳамин ҳам духтари калониям аз синфи 4 ва хурдияш аз синфи 3 ба мактаб дигар нарафт. Кудаконам як сол аст, ки мактаб намераванду мактаб дар пеши хонаамон аст. То ҳозир ягон муаллим ҳам ба суроғашон наомадааст, ки оё талаба дар куҷо аст. »

Иммат Хоҷаев, сармутахассиси вазорати маорифи Тоҷикистон дар робита ба ин масъала мегӯяд:

«Хусусан дар мактабҳои шаҳри Душанбе бештар чунин рафтор ба назар мерасад, ки маъмурияти мактаб аз хонандагон пул мегирад. Ин бар хилофи қонун аст. Бояд бигӯям, аллакай се сарвари мактаб аз лиҳози он ки ба ҳамин кори нохуб даст задаанд, аз вазифа озод шуданд.»

Чанде қабл сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмонов дар мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи кишвар оид ба дур мондани кӯдакон аз таҳсил ба вижа дар манотиқи дурдасти кишвар чунин гуфт:

«Ман имрӯз медонам, ки дар бисёр ноҳияҳо падару модарон барои хондани фарзандонашон розӣ нестанд ва монеъа эҷод мекунанд. Деҳаҳое аст, ки дар онҳо то 150 ва 200 нафар кӯдак умуман таӣи 7 - 8 сол рӯи мактабро надидааст.»

Аммо Карл Нилсон, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, камбуди барқу набуди бухориҳо дар синфхонаҳои деҳоти дурдасти кишвар дар фасли сармо боиси он шудааст ки падару модарон барои ба дарс рафтани фарзандонашон иҷоза намедиҳанд. Оғои Нилсон меафзояд, ҳарчанд созмонҳои байналмилалӣ барои ҳавасмандии атфоли тоҷик ба мактаб барномаҳои мухталифро пиёда созанд ҳам, пеш аз ҳама худи ҳукумати Тоҷикитсон бояд барои фарогирии кӯдакон ба мактаб масъулияти бештар эҳсос кунад,

«Бовар кунед, агар дар мактаб ба кӯдакон дониши казоӣ надиҳанду онҳо дар синфхонаҳои сарду намнок бо шиками гурусна таълим гиранд ман ҳам ҳамчун падар ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешудам ки фарзандам дар чунин шароити ногувор таълим гираду ба мактаб равад. Аз ин сабаб мо барои таъмини хонандагони манотиқи мухталифи Тоҷикистон бо хӯроки яквақта ва таъмири бинои маткабҳову таъмини онҳо бо бухорӣ ёрӣ мерасонем.»

Дар ҳамин ҳол, Иммат Хоҷаев гуфт, масъулини соҳаи омӯзишу парвариш дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳаллҳо оид ба ҷалби дубораи кӯдакон ба мактаб талош мекунанд.

«Дар ҳаққи ин гуна хонандагон, ки аксарашон аз оилаҳои камбизоатанд ва ба макатбҳо фаро гирифта нашудаанд, кӯмакпулӣ дода мешавад. Ҳамчунин чораҳое андешида шудааст, ки он мактабҳои ибтидоие, ки дуртаранд ба мактабҳои миёнаи асосӣ табдил дода шаванд. Инчунин мактаб интернатҳо ташкил карда, дар онҳо ин кӯдакон ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд. »

Оғои Хоҷаев аз ҷумла афзуд, то ба имрӯз вазорати маорифи кишвар тавонистааст, аз шумораи умумии аз мактаб дурмондагон 30 дарсадашро дубора ба муассасаҳои таълимӣ ҷалб созад.
XS
SM
MD
LG