Пайвандҳои дастрасӣ

Оё аз қочоқи занон метавон ҷилавгирӣ кард?


Ба номи Худо
Дуруд ба ҳама касоне, ки хидматгори миллати мазлуми тоҷиканд. Баъд аз фурӯпошии шӯравӣ қочоқи занону духтарон ба суръат густариш пайдо кард, аз ҷумла фурӯши кӯдакон ва атфоли навзод (тиҷорати занону духтарон, тиҷорати кӯдакону навзодон ва тиҷорати аъзои бадан) ба суръат пеш меравад. Ман дигар умеде ба ин давлату ин кормандону ин раҳбарон надорам, чунки инҳо аз қочоқи занони мазлуму тифлони бадбахт огаҳанд. Ҳатто худам борҳо шоҳиди он будам, ки духтарони 13 ва 16-соларо, ки ҳаққи гирифтани шиносномаи хориҷӣ надоранд, гирифта танҳо бо чанд марди бегона дар ҳавопаймо бо мо сафар карданд. Ин духтарон ҳатто чӣ тавр боз кардани камарбанди миёнашонро намедонистанд. Ин духтар, ки аз ман хост, то ки камарбандашро боз кунам, чӣ гуна дар кишвари хориҷӣ ба сар хоҳад бурд.
Аввалҳо бо нархи арзонтар шиноснома гирифтан мумкин буд, ҳоло қиммат шудааст, аввал 100 бошад, ҳоло аз 500-700 доллар медиҳанд ва шиносномаву раводид мегиранд ва ба ин тиҷорат идома медиҳанд. Магар раҳбарон хабар надоранд, ба кӣ мехоҳӣ муроҷиат кунӣ ба суд, прокурор, маҷлис, давлат ҳама дар дасти як нафар ва як гурӯҳ, ҳеҷ назорат вуҷуд надорад. Танҳо вирусе, ки рӯз ба рӯз тамоми соҳаҳои зиндагии иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро бадтару абтар мекунад, ин фасоду ришва ҳаст, то ин фасоду ришва аз байн наравад, ҳеҷ беҳбудие нест.
Бо эҳтиром
Салим
XS
SM
MD
LG