Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захираи тиллои Тоҷикистон чӣ қадар аст?


Бино бар иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши захоири тиллоии кишвар дар соли 2005 тағйир наёфтааст ва он дар сатҳи пешин, яъне $180 миллион боқӣ мондааст. Муродулло Алимардонов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе бо ишора ба ин мавзӯъ гуфт, захоири тиллоии Тоҷикистон басанда аст, то сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар таъмини молӣ шавад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, кишвар қасд надорад дар соли равон ҳаҷм ва арзиши захоири тиллоиро афзоиш диҳад. Аз сӯи дигар, гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ҳадаф аз ин тасмим мусоидат ба рушди бозор аст. Зиёда аз ин, Бунёди байналмилалии асъор маблағи 99 миллион доллар қарзи Тоҷикистонро бахшид ва ин маблағ ҳам акнун ба ҳисоби захоири тиллоии Бонки миллӣ ворид шудааст. Муродалӣ Алимардонов афзуд, Бонки миллии Тоҷикистон соли равон мизони таваррумро ҳафт дарсад муайян кардаастт. Аммо, ба гуфтаи ӯ, беқурбшавии пули миллӣ дар соли 2005 аз мизони таъинкардаи ин бонк бештар буд ва он дар баробари доллари амрикоӣ панҷ дарсад коҳиш доштааст. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон боло рафтани қимати нафт дар бозори ҷаҳониро аз омилҳоии аслии таъсиргузор ба раванди беқурбшавии пули миллӣ дар Тоҷикистон хонд. Ӯ ҳамчунин аз коҳиш ёфтани нархи маҳсули аслии содиротии Тоҷикистон - пахта дар бозори ҷаҳонӣ ёдовар шуд ва гуфт дар оянда бояд ҳаҷми кишти пахта кам ва кишти дигар зирооти муфиди кишоварзӣ зиёд гардад.
Дар нишасти хабарӣ зикр шуд, ки тайи як соли охир ҳаҷми амонатгузориҳои бонкҳои кишвар 85 фоиз ва маблағи пасандозҳои шахсии шаҳрвандон 45 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин гуфта шуд, соли гузашта бонкҳои Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маблағи 296 миллион сомонӣ қарз додаанд. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ироаи чунин қарзҳои хурд дар соли ҷорӣ чор баробар зиёд карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки коршиносон мизони баҳраи қарзҳои хурд аз сӯи бонкҳои Тоҷикистон барои муштариёнро номувофиқ арзёбӣ менамоянд. Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, соли ҷорӣ бонкҳои Тоҷикистон раванди додани қарзҳои нави хурдро идома медиҳанд. Бо ин ҳадаф Бонки аврупоии рушд ва бозсозӣ мехоҳад ҳамроҳ бо чор бонки саҳҳомии Тоҷикистон соли равон як барномаи ҷадиди ироаи қарзҳои хурдро роҳандозӣ намояд.
Холиқи Сангин, Душанбе.
XS
SM
MD
LG